Ҳифзи пиряхҳо барои таъмини устувории манбаъҳои об, муҳити зист ва пешгирӣ аз оқибатҳои ҷиддии тағйирёбии иқлим аҳамияти бузург дорад. Пиряхҳо ҳамчун сарчашмаҳои калони обӣ, барои ташаккулёбии дарёҳо нақши муҳим мебозанд ва барои экосистемаҳои табиӣ ва инсонҳо манбаи асосии об ба шумор мераванд. Вале бо гармшавии глобалии иқлим, пиряхҳо бо суръати баланд об мешаванд, ки ин метавонад ба фалокатҳои экологӣ ва иҷтимоии башарият оварда расонад.
Воқеъан пиряхҳо яке аз манбаъҳои асосии оби тоза дар тамоми кишварҳо ба шумор меравад. Барои бо об таъмин будани аҳолии тамоми кишварҳо, пирях неъмати асосӣ ҳисобида мешавад, чунки бе об ҳеҷ як нафаре наметавонад зиндагонӣ намуда, умр ба сар барад. Бояд гуфт, ки пирях аксар вақт ҳамчун синоними пиряхшавӣ истифода мешавад. Барои дар сатҳи байналмилалӣ ошно сохтани ин гуна мафҳумҳо саҳми бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо рангин аст.
Бояд ёдовар шуд, ки ҳанӯз моҳи марти соли 2021 зимни нахустин ҷаласаи пешвоёни Эътилофи обу иқлим Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карда буданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки аз афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад. Бо назардошти ин, Президенти кишвар пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати диққат кардан ба масъалаи мазкур дар сатҳи байналмилалӣ, соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо муайян гардида, бунёди фонди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад.
Ин иқдом дар таърихи 14 декабри соли 2022 аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи “2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқ онро қабул кард.
Боиси ифтихор ва қаноатмандист, ки соли “2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” қабул ва эълон гардид, ки ҳамасола 21 март “ Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо” эълон шудааст.
Тоҷикистон аз захираи об бой буда, дар ҳудуди худ зиёда аз 9000 пирях, 1500 кӯли гуногунҳаҷм, даҳҳо ҳазор чашмаҳои одию маъдании бешумор дорад. Оид ба ин масъала Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин изҳор доштаанд, ки: «Тоҷикистон, алҳақ, як неъмати худодод, як муъҷизаи табиат, як пора биҳишти рӯи Замин аст. Мисли сарзамини мо табиати нотакрор, оби софу зулол, чашмаҳои ширин, кӯҳҳои зебову сарбаланди дорои сарватҳои бои зеризаминӣ дар ягон гӯшаи олам вуҷуд надорад. Пас месазад, ки бо чунин диёри зебоманзар ифтихор намоем ва шукри ҳар пора замину ҳар қатра обаш бикунем, ин ҳама дороиашро, ки сарчашмаи ҳаёти мост, тозаю озода нигаҳбон бошем».
Албата ин гуна суханрониҳо диққати ҷаҳониёнро басо рангин месозад. Бояд дар ин раванд мо бикӯшем то ки обро неъмати бебаҳо дониста онро тозаву озода ва покиза нигаҳ дорем. Бе об, мо ҳаёт ба сар бурда наметавонем, чунки об ин манъбаи ҳаёт мебошад. Об ин нерудиҳандаи инсон ба шумор рафта, 80% -и узви бадани инсонро об ташкил медиҳад. Агар инсон аз об танқисӣ кашад пас он зиндагонӣ карда наметавонад. Ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат доир ба об ва сиёсати обӣ дар тӯли 30 соли охир аз ҷониби СММ пайваста дастгирӣ меёбанд.
Барои ҳифзи пиряхҳо, тадбирҳои зерин муҳиманд:
1. Коҳиши партови газҳои гулхонаӣ: Гармшавии глобалӣ яке аз сабабҳои асосии обшавии пиряхҳост. Кам кардани партовҳои газҳои гулхонаӣ тавассути гузариш ба манбаъҳои энергияи барқароршаванда ва истифодаи самараноки энергия метавонад ин равандро суст кунад;
2. Мониторинг ва тадқиқот: Назорати доимии пиряхҳо ва омӯзиши тағйироти онҳо барои пешгӯӣ ва омодагӣ ба пайомадҳои эҳтимолии экологӣ муҳим аст;
3. Муҳофизати экосистемаҳои атроф: Низоми пиряхҳо бо муҳити зисти атроф алоқаманд аст. Муҳофизат ва нигоҳдории ҷангалҳо, буттазорҳо ва минтақаҳои зисти табиии ҳайвонот метавонад дар ҳифзи пиряхҳо кумак расонанд;
4. Баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ: Таълими аҳолӣ дар бораи аҳамияти пиряхҳо ва таъсири обшавии онҳо ба ҳаёт, дар маҷмӯъ, барои ташвиқи амалҳои масъулона ва эҳтиёткорона муҳим аст.
Ин тадбирҳо метавонад дар пешгирии оқибатҳои ногувори нобудшавии пиряхҳо ва ҳифзи ин сарватҳои бебаҳои табиӣ мусоидат намоянд. Тоҷикистон ҳамчун ташаббускор дар самти ҳифзи пиряхҳо Қонуни ҶумҳурииТоҷикистон “Дар бораи ҳифзи пиряхҳо” аз 3 январи соли 2024 таҳти № 2026 ки аз 4 боб ва 20 модда ибора буда, қабул шудааст.
Юсупов Суҳроб – омӯзгори кафедраи географияи иқтисодӣ ва методикаи таълими географияи ДДБ ба номи Носири Хусра