Имрӯз, 14 – уми октябр дар факултети гумрук ва таҳлили иқтисодии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз ҷониби мудири кафедраи андоз ва андозбандӣ, дотсент Холов Тоҷиддин дарси кушод дар мавзуи “Низоми андозбандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.
Дар дарси кушод, сардори шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот, дотсент Гулов Қ. ва дигар устодони факултетҳои донишгоҳ иштирок намуданд.
Зимнан, дотсент Холов Тоҷиддин мавзуи “Низоми андозбандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”- ро ба донишҷӯён шарҳ дод. Гуфта шуд, ки андоз омили хазинакунии буҷаети давлатӣ маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ пеш аз ҷамъовари намудани андоз бояд низоми андозбандиро омӯхт.
Пас аз ҷамъбасти дарс устодон аз усули истифодаи методикаи таълмии КЕЙС дар ҷараёни таълим ёдовар шуда, барои беҳтар намудани раванди дарс назару андешаҳои худро пешниҳод намуданд.