Имрӯз, 15 –уми октябр ректори Донишгоҳи давалатии Бохтар ба номи Носири Хусрав профессор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат муовинони ректор оид ба корҳои таълимӣ Ҳамдамзода Хурсанд, оид ба илм ва инноватсия Сафарбекзода Ҳукмиддин ва дигар аъзоёни раёсати донишгоҳ, аз раванди таълимии факултетҳои сиёсат ва идораи давлатӣ, гумрук ва таҳлили иқтисодӣ дидан намуданд.
Дар ҷараёни боздид, ректори донишгоҳ Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат ба роҳбарони факултетҳо дастур доданд, ки донишҷӯёнро бештар бо забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла маркази омӯзиши забонҳои кореягии назди донишгоҳ ҷалб намоянд.
Гуфта шуд, ки маҳфилҳои фанниро зиёд намуда, дарсҳои намунавиро низ мунтазам тибқи нақшаи кории факултету кафедраҳо ба роҳ монанд.