Имрӯз 15-уми октябр дар факултети молиявию иқтисодӣ маҳфили “Бонкирон”-и назди кафедраи фаъолияти бонкӣ баргузор гардид. Дар он сардори маркази хизматрасонии бонкии ҶСП “Спитаменбонк” дар шаҳри Бохтар Улфатов У., муовини декан оид ба илм ва инноватся н.и.и Султонов М., мудири кафедраи фаъолияти бонкӣ н.и.и Мирализода З. ва дигар омӯзгорону аъзои маҳфил иштирок доштанд.
Дар маҳфил донишҷӯйи курси 3-юми ихтисоси кори бонкӣ Ҳайдаров Ҳ. дар мавзуи “Тартиби гузаронидани амалиётҳо тариқи хизматрасонии SMS- бонк” маърӯза намуд. Номбурда дар баромади худ қайд намуд, ки ин шакли хизматрасонӣ аз ҳама шакли васеъ паҳнгардидаи хизматрасониҳои бонкӣ ба шумор рафта, барои мизоҷон дастрас аст. Истифодабарии чунин усулҳои нави хизматарасониҳои бонкӣ ба рақобатпазир гардидани низоми бонкии мамлакат мусоидат менамоянд.
Сипас, омӯзгори кафедраи фаъолияти бонкӣ Хайрзода Ф. дар мавзуи “Ҳисобаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва тартиби иҷрои он” маърӯза намуд. Дар охир намояндаи ҶСП “Спитаменбонк” Улфатов У. ва омӯзгори кафедраи фаъолияти бонкӣ Хайрзода Ф. ба саволҳои аъзои маҳфил ҷавобҳои мушахасу қонеъкунанда гардониданд.