Санаи 15 – уми октябр дар ноҳияи Данғара Фестивали бозиҳои варзишӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои олии касбии вилоят баргузор гардид. Фестивал аз рӯи намудҳои гӯштини миллӣ, варзиши сабук, волейбол, футбол ва шоҳмот гузаронида шуд.
Дар Фестивали мазкур донишҷӯни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав иштироки фаъолона намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.
Аз ҷумла дар намуди гуштини миллӣ, дар вазнҳои гуногун соҳиби 13 медал гардиданд, ки аз инҳо 5 медали тилло, 5 нуқра ва 3 медали биринҷи гардиданд.
Дар намуди варзиши сабук низ натиҷаҳои хуб нишон дода, соҳиби 12 медали тилло, 12 медали нуқра ва 10 медили биринҷӣ гардиданд.
Аз намуди волейбол низ миёни донишҷӯёни муассисаҳои олии вилоят рақобат намуда, соҳиби ҷойи аввал гардиданд.
Ёдовар бояд гардид, ки дар вилояти Хатлон гурӯҳҳои варзишӣ аз 7 донишгоҳу донишкадаҳои олии вилоят иштирок карда дар намудҳои гуногуни варзиш маҳорати баланд нишон доданд.
Фестивали мазкур баҳри дарёфти варзишгарони касбӣ ва ташкил кардани дастаи мунтахаб аз ҳисоби донишҷӯён роҳандозӣ гардидааст.