Имрӯз, 16 октябр дар асоси нақша – чорабиниҳои тарбиявии факултети таърих ва ҳуқуқ маҷлиси падару модарон бо иштироки муовини ректор оид ба тарбия Нурализода Наргис, мудири шуъбаи тарбия Набизода Эмомалӣ, муовинони декан оид ба таълим ва тарбияи факултет, мудирони кафедраҳо, созмонҳои ҷамъиятӣ ва омӯзгорону волидайни донишҷӯён баргузор гардид.
Дар мулоқоти мазкур доираи мавзуҳои ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, риояи Дастурамали либосҳои тавсиявӣ, иштироки фаъолона дар раванди дарсҳо, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, пешгирии шомилшавӣ аз ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо ва одоби ҳамидаи инсониро фаро гирифт.
Масъалаи дигари ҷаласа ин натиҷагирӣ аз ҷараёни давомоти донишҷӯён буд. Гуфта шуд, ки ҳар як донишҷӯ вазифадор аст, ки талаботи ҷориро иҷро ва барои ба даст овардани илму дониш ва азхудкунии касбияти соҳа ҷидду ҷаҳд намояд. Дар баробари ин, ба масъалаҳои риояи сару либоси тавсиявӣ ва маърифати муошират таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Иброз гардид, ки барои донишҷӯён тамоми шароити таҳсил дар донишгоҳ муҳаё буда, имконият медиҳад, то ки дониши худро сайқал диҳанд. Аз волидон даъват ба амал овард, ки фарзандонашонро назорат намуда, пайваста бо кураторони гурӯҳ дар робита бошанд. Инчунин, аз падару модарон хоҳиш карда шуд, ки барои сари вақт ба дарс ҳозиршавӣ ва риояи пӯшидани либоси тавсиявии фарзандонашонро ҳамеша зери назорат гиранд.
Гуфта шуд, ки ҳамбастагӣ ва ҳамкории шумо волидон метавонад сатҳу сифати таълиму тарбияро ба дараҷаи дилхоҳу назаррас расонад. Ба фарзандон шароити донишомӯзӣ ва ашёи хонишро муҳайё намудан вазифаи аввалини падару модарон ба ҳисоб меравад. Дар идомаи суханронӣ оид ба истифодаи бемавриду ғайримақсадноки телефонҳои мобилӣ, шабакаҳои интернетӣ – иҷтимоӣ андешарони намуданд.