Имрӯз, 16 – уми октябр дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав гурӯҳи кории факултети таърих ва ҳуқуқ зери роҳбарии декани факултет, дотсент Баҳодуров Б.Ф, мудири кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ, дотсент Садриддини А., роҳбари таҷрибаомӯзии факултет Қаландаров С. ва мушовирони таҷрибаомӯзӣ ба як қатор муассисаҳои таълимии шаҳри Бохтар, аз рафти таҷрибаомӯзии донишҷӯёни донишгоҳ дидан намуданд.
Гуфта шуд, ки таҷрибаи педагогӣ барои донишҷӯён муфид буда, роҳбарони таҷрибаомӯзӣ ба онҳо маслиҳату тавсияҳои методӣ доданд.