Имрӯз, 17- уми октябр дар маркази маъмурии вилояти Хатлон шаҳри Бохтар Форуми байналмиллалии сармоягузорӣ “ХАТЛОН-ИНВЕСТ -2024” бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва намояндагони ИДМ иштирок намуданд.
Дар доираи Форуми байналмиллалии сармоягузорӣ “ХАТЛОН-ИНВЕСТ -2024” меҳмонону иштирокчиён аз Намоишгоҳи дастовардҳои кишоварзону саноатчиён ва маҳсули ҳанарҳои дастии ҳунармандони вилояти Хатлон дидан намуданд.
Дар ин намоишгоҳ дар баробари кишоварзону саноатчиён, ҳунармандони шаҳру навоии вилоят зиёда аз 200 номгӯи ҳунарҳои дастиро пешкаши меҳмонону иштирокчиёни Форум намуда буданд.
Мавриди зикр аст,ки дар намоишгоҳ мазкур ҳамчунин дастовардҳои рушди соҳаи сайёҳӣ ва имконияти мавҷудаи ҷиҳати рушду инкишофи ин соҳаи мавриди таваҷҷуҳи оламиён муаррифӣ карда шуд.
Бояд ёдовар шуд, ки дар ин Форум омӯзгорон ва донишҷӯёни факултети менеҷмен ва идораи сайёҳии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав фаъолона иштирок намуда, ҳунарҳои дастии худро ба маърази тамошо гузоштанд.