Имрӯз, 17 – уми октябр дар асоси шартномаи ҳамкории Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав миёни Донишгоҳи давлатии педагогии Алатайи Федератсияи Россия дар факултети забон ва адабиёти рус бо унвонҷӯёну устодони факултети таърих ва ҳуқуқ вохӯрии судманд доир гардид.
Дар вохӯри устодони Донишгоҳти давлатии педагогии Алатайи Федератсияи Россия, дотсент Нобелстна Марина Сергеевна, профессор Марина Ольга Викторовна, дотсент Лидин Николай ва дотсент Авакумова Евгения Александровна, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, дотсент Фатҳуллоев Икром ва дигар устодони донишгоҳ иштирок намуданд.
Зимнан, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Фатҳуллоев Икром оиди ба ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд ибрози назар намуд. Гуфта шуд, ки Донишгоҳи давлатии педагогии Алтайи ФР бо донишгоҳ омодааст, барои омода намудани мутахассисони самти педагогӣ ҳамкори намояд. Инчунин барои таҳия ва чоп намудани мақолаҳои илмӣ, баргузор намудани конфронсҳои илмию назариявиро миёни донишгоҳҳо ба роҳ мемонанд.
Гуфта мешавад, ки дар асоси нақшаи дурнамои раёсати донишгоҳ бо Донишгоҳи давлатии педагогии Алтай дар охирҳои моҳи октиябри соли ҷорӣ, курси омӯзиши забони русӣ, барои омӯзгорони ғайри ихтисос ва ихтисоси забон ва адабиёти рус ва миёни донишҷӯён аз ҷониби мутахассисони донишгоҳи мазкур гузаронида мешавад.
Дар охир аз ҷониби профессорону устодони донишгоҳ ба меҳмонон китоби Тоҷикони Бобоҷон Ғафуров ҳадия карда шуд.