Имрӯз, 18 – уми октябр дар факултети гумрук ва таҳлили иқтисодии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мизи мудаввар таҳти унвони “Терроризм ва экстремизм – падидаи номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ” доир гардид.
Дар мизи мудаввар декани факултети гумрук ва таҳлили иқтисодӣ, дотсент Шодиён Бурҳониддин оид ба стратегияи муқовимат бо терроризм ва экстремизм маърӯза намуд. Ёдовар гардид, ки терроризм ин амалест, ки дар тули таърихи башарият чун даҳшатафкани маъмул буда, оқибатҳои харобиоварро ба бор меорад.
Сипас, омӯзгори кафедраи андоз ва андозбандӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ Дӯстзода Мустафо дар мавзуи “Ба хатарҳои террористиву экстремистӣ муқовимат бояд кард” маърӯза намуд. Инчунин дигар устодони факултети мазкур оид ба терроризми ҷаҳонӣ маърӯза намуданд.
Дар охир пас аз шунидани мавзуҳои ироашуда, ҳозирин андешаҳои худро вобаста ба мавзуи матраҳаванда баён намуданд