Гурӯҳи корӣ, таҳти роҳбари таҷрибаомӯзии истеҳсолии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Наҷмиддинов Давлатмурод аз муассисаҳои соҳаи тандурустии шаҳри Бохтар, ки дар он донишҷӯёни курси панҷуми ихтисоси химия ва биологияи донишгоҳ ба таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ҷалб шудаанд, дидан намуданд. Ба иттилои масъулин раванди баргузории таҷрибаомӯзиҳои истеҳсолӣ тибқи нақшаҳои таълимӣ аз моҳи сентябр то моҳи декабри соли 2024 давом мекунад.
Роҳбарони муассисҳои тандурустии вилоят, ки дар он таҷрибаомӯзони донишгоҳ сафарбар шудаанд, изҳори қаноатмандӣ карданд.