Шод бош, эй зиннатафзои ҷаҳон, омӯзгор,
Раҳнамову раҳбари пиру ҷавон, омӯзгор.
Гар ҷаҳонро дар масал мо фарз созем осмон,
Шамси равшан дар мадори осмон, омӯзгор.
Хоксоре, ки ҷаҳон дар қабзаи фармони ӯст,
Ҷонфидое, бемуҳобо, қаҳрамон, омӯзгор.
Бе вуҷудаш фард-фарди ҷамъият пайванд нест,
Эй салоҳи ҷамъиятро посбон, омӯзгор.
Мерасад ҳар кас зи лутфаш бар нишони зиндагӣ,
Баҳри тири орзуи мо камон, омӯзгор.
Кист, – мепурсӣ агар, – фозилтарин навъи башар?
Ҳар каси оқил бигӯяд: Бегумон, омӯзгор!
То ҷаҳон ободу мардум шод бошад то абад,
Бар ту мехоҳам суботи ҷисму ҷон, омӯзгор!
Сафармуҳаммад Аҳмад –
дотсенти кафедраи адабиёти тоҷик, узви ИНТ