Ҷашни «Меҳргон» аз қадимтарин маросимҳои мардуми ориёитабор ба шумор рафта, нишонаи осудагӣ, файзу баракат ва бақои ҳаёт дар рӯйи замин дониста мешавад. Зеро ҷашни мазкур ба фаъолияти пурсамари марди деҳқон, ки ризқрасонандаву идомабахши ҳаёт аст, марбут мебошад.
Тибқи маълумоти сарчашмаҳои муътамади таърихӣ ҷашни мазкур таърихи беш аз се ҳазор сола дошта, дар сарзаминҳои мардуми тоҷику форс, бо риояи расму суннатҳои хосса бо шукуҳу шаҳомат истиқбол гирифта мешуд. Ниёгонамон ҳангоми таҷлили меҳргон омодагии ҳамаҷониба дида, ба майдони ҷашнвора бо либосҳои махсус рафта, ба якдигар ин идро шодбош мегуфтанд. Як муддат бо сабабҳои гуногун иди меҳргон низ ба мисли дигар ҷашнҳои ниёгонамон ба гушаи фаромӯшӣ рафта буд. Хушбахтона, бо ташаббусу дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ҷашнҳои Наврӯз, Сада, Тиргон суннату анъанаҳои иди Меҳргон дубора эҳё гардида, ҳоло дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад. Сарвари давлат нисбати ҷашни меҳргон ба маврид гуфтаанд: “Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дўстиву муҳаббати ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рўёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дўстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст”. Ҷашни меҳргон натанҳо натиҷагирӣ аз дастовардҳои кишоварзон, балки василаи иттиҳоду сарҷамъӣ, баракату файз, қабули нақшаи минбаъадаи фаъолият ба ҳисоб меравад.
Дар замони соҳибистиқлолӣ иди меҳргон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми августи соли 2009 таҳти № 538, дар тамоми гўшаю канори кишварамон бо шукўҳу шаҳомат ҷашн гирифта мешавад. Меҳргон асосан иди ҳосилот аст ва дар оғози фасли тирамоҳ баргузор мегардад, ки бо ҳисоби милодӣ аз 23 сентябр то 22 октябр идома меёбад. Меҳргон дар радифи пуршукӯҳтарин ҷашнвораҳои аҷдодии мардуми форсизабон қарор дошта, аз замони дуродури таърих маншаъ мегирад. Ҳамчунин меҳргон рамзи тирамоҳи зарнисор, айёми ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин коштаи марди деҳқон ва омили пешрафт ба ҳисоб меравад.
Дар давраи Сосониён ҷашни меҳргон бисёр бошукўҳ ва ботантана мегузашт. Ҷашнгирии меҳргон ба иди Наврўз хеле монандӣ дорад. Мардум хонаю дарашонро тоза мекарданд, беҳтарин либосашонро мепўшиданд, худро зебо намуда, ба идгоҳҳо мерафтанд. Умуман, дар ин рўз ҳама ба якдигар меҳрубониҳои зиёд мекарданд, ки ин вижагиии ҷашнҳои мардуми тоҷику форс, бахусус иди меҳргон аст.
Баъди Инқилоби октябр дар байни деҳқонони Осиёи Миёна, аз ҷумла тоҷикон, анъанаҳои нав, ба мисли иди ҳосилот пайдо шуда буданд. Ба истиқболи ин рўзи муборак пахтакорон, ғаллакорон, боғу токпарварон, чорводорон ва механизаторони меҳнатқарин бо ғайрати дучанд заҳмат кашида, баҳри пешрафти иқтисодиёти давлати тоҷикон саҳми арзанда мегузоранд.
Имрӯз ҷашни меҳргон дар кишварамон бо риояи тамоми расму оинҳои миллӣ таҷлил карда мешавад. Дар ин рӯз мардуми деҳқон дастоварду ранҷи ба дастовардаи худро пеҳниҳоди мардуми ҷомеа мекунанд. Ин ҷашн моро бо асли худамон пайванд мекунад, ки он боиси сарфарозӣ мебошад.
Бо таваҷҷуҳ ба ин ки меҳргон яке аз ҷашнҳои сегонаи машҳуру маъруфи мардуми тоҷику форс мебошад ва пайдоишу такомул ва таҳаввули минбаъдааш асосан бо шуғли кишоварзӣ ва рўзгори аҳли фарҳангу гоҳшуморӣ марбут аст, бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ин иди бостонӣ ҳар сол дар сатҳи баланд чун иди миллии давлатӣ бо шукўҳу шаҳомат таҷлил мегардад. Ҳамасола ба муносибати ин ҷашни таърихӣ дар Вазорату Кумитаҳо, идораву ташкилот, корхонаҳо, бавижа дар муассисаҳои таълимӣ ҷашни меҳргон бо риояи тамоми суннатҳо истиқбол гирифта мешавад. Дар чунин чорабиниҳо муҳаққиқон вобаста ба таърихи пайдоиш ва суннатҳои ҷашни меҳргон маълумоти зарурӣ пешниҳод мекунанд, ки ин барои насли наврасу ҷавони кишвар бисёр муҳим мебошад.
Қайд намудан зарур аст, ки аҳли илму адаб дар ситоиши ҷашни меҳргон пораҳои шеърӣ гуфтаанд, ки ин аз маҳбубияти хосса доштани иди мазкур дарак медиҳад. Барои мисол чанд намунаи онро аз осори шоирони классики ва муосири тоҷик пешниҳод менамоем:
Малико! Ҷашни Меҳргон омад,
Ҷашни шоҳону хусравон омад.
Хаз ба ҷои мулҳаму хиргоҳ,
Бадали боғу бӯстон омад.
Мӯрд ба ҷои савсан омад боз,
Май ба ҷои арғувон омад.
Ту ҷавонмарду давлати ту ҷавон,
Май ба бахти ту ҷавон омад.
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Эй амири меҳрубон, ин Меҳргон хуррам гузор,
Фарру фармони Фаридун варз бо фарҳангу ҳанг.
Омад хуҷаста Меҳргон, ҷашни бузурги хусравон,
Пурфайз бод хони Шумо, аз нуру нору арғавон…
Манучеҳри Домғонӣ
Рӯзи меҳру моҳи меҳру ҷашни фаррух Меҳргон,
Меҳр биафзо, эй нигар, меҳри чеҳри меҳрубон.
Масъуди Саъд
Меҳргон омад, ҷашни малик Афредуно,
Он куҷо гов беҳ парвараш Бармоюно.
Абумансури Дақиқӣ
Ба рӯзи ҳуҷаста сари меҳрмоҳ
Ба сар барниҳад он каёнӣ кулоҳ.
Замон