Имрӯз, 19 – уми октябри соли равон дар кафедраи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии факултети сиёсат ва идораи давлатии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, муҳокимаи пешдифои рисолаи номзадии унвонҷӯйи кафедраи мазкур Қурбонов Давлатбек Мирзоевич дар мавзуи “Буҳрони сиёсӣ ва хусусиятҳои идоракунии он дар шароити тағйирпазирии ҷомеа (дар мисоли таҷрибаи Тоҷикистон)” зери роҳбарии доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз гузаронида шуд.
Дар пешдифо раиси Шурои олимони факултети мазкур, дотсент Қодирзода Б. мудири кафедраи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Саидов А. профессор Муҳаммад А.Н., дотсентон Исозода Т. И., Ализода Н. А., н.и.с., Мамадғафуров И. Э., Мадвалиев Ҷ. ва дигар унвонҷӯёну омӯзгорон иштирок намуданд.
Унвонҷӯ Қурбонов Д.М. ба иштирокиёни муҳокима роҷеъ ба муҳиммияти таҳқиқи мавзуъ ва натиҷаҳои бадастомада маълумот доданд. Номбурда зимни баромад қайд намуд, ки дар шароити кунунӣ пажуҳиши мавзуи “Буҳрони сиёсӣ ва хусусиятҳои идоракунии он дар шароити тағйирпазирии ҷомеа (дар мисоли таҷрибаи Тоҷикистон)” аз ҷумлаи масъалаҳои камтаҳқиқшуда буда, аҳаммияти рӯзмарра дорад. Аъзои шурои олимони факултет ба унвонҷӯ оид ба мавзуи таҳқиқшудааш саволҳо пешниҳод намуда, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.