Имрӯз, 21 – уми октябр дар факултети забони англисии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав омӯзиши онлайнӣ барои омӯзгорон ва донишҷӯёни факултетҳои донишгоҳ гузаронида шуд.
Дар ин омӯзиши онлайнӣ, дар баробари устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, ҳамчунин устодони Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров иштирок намуданд.
Қайд намудан зарур аст, ки машғулияти онлайнӣ аз тарафи сафорати Амрико дар Тоҷикистон ташкил ва ба роҳ монда шудааст. Джудис Элиот ба иштирокчиёни омӯзиши онлайнӣ дар мавзуи “Using research to assess progress in reading” – (“Истифодаи тадқиқот барои арзёбии пешрафт дар хониш”) маърӯза намуд.
Иштирокчиёни омӯзиши онлайнӣ аз маърӯзакунанда донишҳои нав ба даст оварда, миёни ҳам табодули андеша карданд. Ташкилу баргузории чунин машғулиятҳо имкон медиҳад, ки сатҳи донишу таҷриба ва малакаҳои устодон ба стандартҳои байналмилалӣ мувофиқ гардонида шаванд.