Имрӯз, 21 – уми октябр дар факултети химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҳимояи пешдифои рисолаи номзадии унвонҷӯйи кафедраи педагогика Асомиддинзода Ҳусейн гузаронида шуд.
Дар он мудири кафедраи педагогика Бобоева Гулбаҳор, мудири кафедраи методикаи таълими фанҳои табиатшиносӣ Расулзода Субҳон, доктори илмҳои химия Ғафуров Бобомурод, мудири кафедраи психология Раҳимов Сафар, мудирии кафедраи методикаи таълими таҳсилоти ибтидоӣ Изатуллоев Холида, мудири кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикӣ Давлатов Дилшод, мудири кафедраи биология умумӣ Назаров Тоҳир ва номзадҳои илм Хайров Ашуралӣ, Сиддиқова Зӯҳро, Каримова Шарифа, Рустамов Шӯҳрат, Резмонова Қурбоной иштирок доштанд.
Унвонҷӯйи кафедраи педагогика Асомиддинзода Ҳусейн, зери роҳбарии роҳбарии профессор Холназаров Санг дар мавзуи “Рушди фаъолияти маърифатии хонандагони синфҳои болоӣ дар низоми таълими равиявӣ” дар назди ҳозирин, аз аҳаммияти раванди таҳқиқи кори худ, маълумот дод.