Имрӯз, 22 – юми октябр дар факултети химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мизи мудаввар таҳти унвони “Саҳми олимони форсу тоҷик дар омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ” доир гардид.
Дар мизи мудаввар декани факултет дотсент Ятимов П.М., мудири кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикӣ, дотсент Давлатов Д., мудири кафедраи экологияи умумӣ, дотсент Давлатова Д., дотсенти кафедраи химияи органикӣ ва биологӣ Пиров Ғ.А., омӯзгори кафедраи МТФТ Шамсулоева С. ва дигар устодону донишҷӯёни факултет иштирок намуданд.
Декани факултет, дотсент Ятимов П.М. ба сухан баромада, гузаронидани чунин мизи мудавварро дар шароити муосир муҳим арзёбӣ кард. Номбурда ёдовар гардид, ки омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ барои рушди самтҳои иқтисоди миллӣ, инкишофи технологияи муосир мусоидат мекунад.
Дар мизи мудаввар гуфта шуд, ки чунин чорабиниҳои илмӣ бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ дар соҳаи маориф барои солҳои (2020 – 2040) ташкилу баргузор шуда истодаанд.
и ещё 3
Все реакции:
Сангимурод Шарипов, Шуҳратҷон Ҳасанов и ещё 18