Шоми 21 – уми октябр дар хобгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав вохӯрии омӯзгорони факултети филологияи тоҷик оид ба ҷашнҳои миллӣ ва таърихӣ бо донишҷӯёни дар хобгоҳ истиқоматдошта вохӯрӣ доир гардид. Дар вохӯрӣ дотсентон Муродов Алишер, Шарипов Сангимурод, сардори шуъбаи тарбияи донишгоҳ Набизода Эмомалӣ, журналисти собиқадор Тоҳир Розиқов, сардори маркази таҳлилӣ-иттилоотии донишгоҳ Умед Назаров, омӯзгор Мурчаева Барно иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни вохӯрӣ, дотсент Шарипов Сангимурод аз буду боши донишҷӯён ва рафтори намунавии онҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, бахусус хобгоҳи донишгоҳ сухан намуда, дар идомаи таъкид дошт, ки ваҳдати миллӣ, суботӣ давлат ин ҳама аз талошу заҳматҳои фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Аз ин рӯ, мо бояд ба қадри заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат бирасем.
Дар идомаи суханронӣ, дотсент Шарипов Сангимурод аз ҷашни ниёгонамон – “Меҳргон” дар назди ҳозирин ёдовар гардид. Номбурда зикр намуд, ки “Меҳргон” яке аз бузургтарини иди таърихии тоҷикон маҳсуб ёфта, барзгарон онро чун иди ҳосилот таҷлил мекарданд. Имрӯз мо низ ин урфу одати таърихиямонро пос дошта, дар сатҳи баланд таҷлил менамоем.
Сипас, сардори шуъбаи тарбияи донишгоҳ Набизода Эмомалӣ дар мавзуи “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” – қонуни асосии Тоҷикистон, ки дар пеш 6 – уми ноябр рӯзи конститутсияро таҷлил мекунем баромад намуда, моҳияти аслии қонуни асосии кишварро ба донишҷӯён шарҳу тавзеҳ доданд. Иброз доштанд, ки конститутсия кафили суботи шаҳрвандонро таъмин менамояд. Қонун аст, ки ҳуқуқҳои фитрии моро ба инобат мегирад.
Баъд аз баромади мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ, журналисти собиқадор ва яке аз таҳиягарони барномаи радиоии “Хоки Ватан” дар давраи ибтидои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ Тоҳир Розиқов сухан намуд.
Дар охир устодон бо донишҷӯён акси хотиравӣ гирифта, ба онҳо барору комёбиҳо таманно намуданд.