Имрӯз, 23 – юми октябр дар назди кафедраи адабиёти тоҷики факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав маҳфил илмию адабии “Суханоро” доир гардид.
Дар маҳфил, профессор Тағаймуродов Рустам, мудири кафедраи адабиёти тоҷик дотсент Аҳмадов Сафармад, номзадони илмҳои филологӣ Қурбонова Райҳонгул, Маҳмадалиева Муҳаббат, Шарипов Сангимурод, Фақиров Хурсандмурод, Раҳматова Райҳона ва дигар устодону донишҷӯён иштирок намуданд.
Нахуст, роҳбари маҳфил Фақиров Хурсандмурод ҳозирнро ба маҳфили навбати шодбош гуфта ба рӯзномаи маҳфил ошно намуд.
Сипас, профессор Тағаймуродов Рустам баромад намуда, донишҷӯёнро барои ҷамъ омадан ва моҳияти маҳфили ” Суханоро” – ро шарҳи мухтасар дод.
Иброз дошт, ки маҳфил метавонад он костагиҳое, дар эҷод ба миён меояд пурра гардонад.
Дар тақвияти суханони профессор Тағаймуродов Р., мудири кафедраи адабиёти тоҷик, Аҳмадов Сафармад иброз доштанд, ки ин гуна маҳфилҳо метавонад ба сайқалдиҳии дониши эҷодии навқаламон мусоидат мекунад.
Донишҷӯён хомаҳои эҷод намудаи худро дар назди ҳозирин қироат намуданд.
Дар охир устодон ба иштирокчиёни маҳфил барору комёбиҳо таманно намуданд.