Тарбияи кӯдакони аз лиҳози ҷисмонию маънавӣ рушдёфта яке аз вазифаҳои муҳимтарини соҳаи маориф дониста мешавад.
Инкишофи кӯдакони то яксола аз ҷиҳати педагогӣ, психологӣ ва ҷисмонӣ аз давраҳои минбаъдаи ҳаёт ба кули фарқ мекунад. Ба кӯдак суръати бомароми инкишофи ҷисмонӣ мансуб аст. Дар натиҷаи нигоҳубини дуруст, хӯрокдиҳии саривақтӣ ва риояи вақти аниқ, кӯдак дар нимсолаи аввал то шашмоҳагӣ ҳар моҳ 600-700 грам, дар нимсолаи дуюм бошад 400-500 грам вазн мегирад ва қадди ӯ то 25 см зиёд мегардад. Дар охири 1 солагӣ вазни ӯ ба 10-12 кг ва қадаш ба 75-80 см мерасад. Баъди шаш моҳагӣ кӯдак дандонҳои ширӣ мебарорад ва то охири сол онҳо ба 8 адад мерасанд. Аввалин ҳаракатҳои кӯдак бенизому ғайриихтиёрӣ буда, дар охири сол бошад кӯдак мустақилона роҳ гаштан ва амал намудан бо ашёҳоро ёд мегирад. Дар ин давра фаъолияти майнаи сар такмил меёбад аввалин рефлексҳои шартӣ ба вуҷуд омада фаъолияти узвҳои ҳисси-сенсорӣ (биноӣ, шунавоӣ, буйфаҳмӣ, ламскунӣ ва маззафаҳмӣ) кӯдак рушд мекунад ва дар натиҷаи таъсири калонсолон ба инкишофи ҳолати руҳии кӯдак одатҳои хубу бад шакл мегиранд.
Инкишофи ҷисмонӣ ва руҳии кӯдак бо ҳам алоқаи зич доранд. яъне инкишофи ҷисмонӣ дар як вақт инкишофи психикиро таъмин менамояд. Нокифоя будани таъсиррасонии калонсолон ба инкишофи руҳиву равонии кӯдак сабаби суст шудани инкишофи ҷисмонӣ ва психикӣ шуда метавонад .
Мувофиқ набудани инкишофи ҷисмонӣ ва руҳиву равонии кӯдакони хурдсолро дар тарбиятгирандагони боғчаҳо мушоҳида кардан мумкин аст. Аз сабаби норасоӣ ва кам будани муносибати эмотсионалӣ муошират бо калонсолон дар онҳо мушоҳида кардани инкишофи психикиву ҷисмонӣ мумкин аст. Аз рӯзҳои аввалини ҳаёт диққати кӯдакро ба рангу ҷилоҳои зебо, овозу садоҳои фораму дилкаш ба худ ҷалб мекунад ва ӯ кӯшиш менамояд, ки ба онҳо аҳамият диҳанд. Аз рӯзи аввали ба дунё омадан кӯдакро одамон, ашёҳо, ҳодисаю вокеаҳои гуногун иҳота менамояд. Ӯ дар ин муҳит зиндагӣ мекунад, инкишоф меёбад ва чун шахсият мавқуи худро муайян месозад ва маҳз муҳити иҳотакарда идрок, эҳсос, тасаввурот, табъу салиқа, фаҳмишу тасаввуротҳои эстетикии ӯро муайян менамояд. Набояд фаромуш кард, ки тифл натанҳо мисли “Тахтаи сафед” аст, ки калонсолон чизеро хоҳанд дар он менависанд. Кӯдак бо хусусиятҳои ба худ хоси модарзоди ба дунё меояд, ки заминаҳои ирсӣ (генетикӣ) дорад ва онҳо донистагирии олами атроф ва такмилёбии ҳаракаткуниҳоро таъмин менамоянд.
Кӯдак ба таъсиркунанда ва барангезандаҳои беруна ҳасос буда, ҳолат ва руҳияи эмотсионалии худро зуд тағйир медиҳад. Зудтағйирёбии эмотсияҳои мусбату манфии кӯдак ва саломатии равонию ҷисмонии ӯ алоқаманд аст. Карахт ва хушҳол будани кӯдак ба бойшавии таассуротҳо ва инкишофи ақлию ҷисмонии ӯ таъсири манфӣ расонида ифодагари нуқсонҳои инкишофи психологиву равони шуда метавонад. Инкишофи ҷисмонӣ ва солимиву равонии кӯдак ба нигоҳу бин парвариш тарбия ва таъсири калонсолону муҳити иҳотакарда вобаста мебошад.
Хулоса, муваффақиятҳои назарасе, ки дар соли аввали ҳаёти кӯдакон дида мешаванд, омилҳои таъсиррасон дар тарбияи кӯдак шинохти худи уст. Ба ҳамин тариқ, метавон хулоса кард, ки яке аз омили муҳимтарин дар тарбияи кӯдак шинохти ӯст. То замоне ки мо хусусиятҳои психологии кӯдакро хуб аз худ накунем, наметавонем дар тарбияи ӯ ба таври дилхоҳ муваффақ бошем. Тарбияи кӯдак аз падару модар малакаву маҳорати зиёд талаб мекунад. Дар муассисаҳои таҳсилоти томактабие, ки гурӯҳои ширхора доранд аз мураббия ва ёрдамчии мурабия дар баробари маҳорати баланди педагогию психологӣ дошта боз эҷодкориро талаб мекунад ва ҳар андозае, ки мо онро огоҳона ва ҳунармандона иҷро кунем, ба ҳамон андоза муваффақ хоҳем шуд.
ҲАДИСА Давлатова
донишҷӯи курси 2-юми
факултети педагогика ва варзиш