Шарипов Сангимурод Исматуллоевич, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, Фақиров Хурсандмурод Насруллоевич, доктори фалсафа PhD аз рӯи ихтисоси филология Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав,
Осори шифоҳию хаттӣ ҳамчун мероси гаронмояи маънавии ҳар халқу миллат пазируфта шуда, барои дарки ҷаҳони иҳоташуда, бозтоби вазъи сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва адабии давраҳои гуногуни зиндагии мардуми ҷомеа ва тарғиби хислатҳои ҳамидаи инсонӣ таъсири зиёд дорад. Ҳамин аст, ки тамоми адибони олам маҳз осори худро дар заминаи ҳикмати халқ таълиф намудаанд, ки ин омил ба ҷолибиву муассирии эҷоди онҳо мусоидат кардааст.
Ба таъкиди муҳаққиқони адабиёту фолклор таъсири осори шифоҳӣ ба эҷоди асарҳои гуногуни адибони классику муосири тоҷику форс бештар буда, барои ҷолибият аз эҷодиёти гуфтории мардум бамаврид истифода кардаанд. Ҳаким Носири Хусрави Қубодиёнӣ аз ҷумлаи адибони барҷастае мебошад, ки дар осори худ аз ин ганҷинаи нодири ниёгонамон васеву бамаврид истифода намудааст. Дарунмояи осори адибро, асосан тарғиби ватандӯстӣ, панду ахлоқ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ташкил медиҳад, ки онҳо бо мақолҳои халқӣ ва дигар жанрҳои фолклорӣ зиннат ёфтаанд. Мо дар ин нигошта танҳо ҷойгоҳ, хусусият ва истифодаи мақолро дар таълифоти адиби мазкур баррасӣ намудем.
Рӯзгори инсоният пур аз ҳаводиси мусбату манфӣ буда, барои маърифати он аҳли илму эҷод таълифоти гуногун доранд. Одамон дар натиҷаи зиёд таҷриба кардани панду ҳикмат ва андарз мақолҳои зиёде эҷод кардаанд. Миёни мардум мақоли машҳуре ҳаст, ки “Он чизеро, ки барои худ намеписандӣ, ба дигарон низ маписанд”. Аммо, мутассифона афроде низ ҳастанд, ки ин ҳикмати санҷидашудаи халқро сарфи назар намуда, ба мардум зиён мерасонанд. Ҳаким Носири Хусрав ин мақоли машҳурро дар шеъраш хеле ба маврид истифода намудааст, ки он чунин аст:
Ба кас мапсанд, он ч-ат нописанд аст,
Ки воҶиб куштани мор аз газанд аст.
Бо вуҷуди он, ки аҳли илму адаб пайваста дар навиштаҳову гуфтаҳояшон таъкид мекунанд, ки мо бояд ба ҳамдигар меҳрубону ғамхор бошему дар мавридҳои мушкил дасти ёрӣ дароз намоем. Бар хилофи ин панду ҳикмат бархе аз одамоне ҳастанд, ки барои расонидани зарар тадбирҳо андешида, билохира худ гирифтори мусибату бало мешаванд. Ин масъаро мутафаккир дар байти дигараш чунин қаламдод кардааст:
Машав касро ба кин хонабарандоз,
Ки ҳар кас бад кунад, ёбад бадӣ боз!.
Адиб бар он ақида аст, ки ҳар нияту амали неку бад подоше дорад. Аз ин рӯ, моро лозим аст, ки рӯзгори худро бо панду ҳикмат ва гуфтори бузургони илму адаб ба роҳ монем то саодатманд бигардем.
Имрӯз натанҳо дар гуфтори мардум балки дар навиштаҳои эҷодкорон мақоли машҳури “Шунидан кай бувад монанди дидан” васеъ истифода бурда мешавад. Бархе аз одамон ҳодисаву зуҳурот ва ашхоси алоҳидаро ончунон тасвиру васф менамоянд, ки ба воқеият доштани он мо шубҳа мекунем. Ҳадафи асосии истифодаи мақоли мазкур, ин пеш аз ҳама, шинохти амиқи ашёву воқеа ва афроди муайян мебошад. Чунончӣ Носири Хусрав дар ин маврид гуфтааст:
Макун бовар суханҳои шунида,
Шунида кай бувад ҳаргиз чу дида.
Дарвоқеъ, мо бояд ба он чизе, ки худ бо чашмамон мебинему бо ақламон дарк мекунем бояд ба он бовар намоем. Зеро инсонҳое низ ҳастанд, ки дар шарҳи ҳодисаву падидаҳо ва рафтори шахсони алоҳида суханҳои аз ҳақиқат дур мегӯянд. Шоир ҷойи дигар мегӯяд:
Макун ҳамроҳии кас н-озмуда,
Тафовут дон зи дида то шунида.
Мунофиқро мадон ёри мувофиқ,
Мунофиқро мунофиқ дон, мунофиқ.
Миёни мардум мақоли машҳури дигаре ҳаст, ки мо ба афроде, ки некӣ мекунанд бояд ба онҳо ҷавоби некӣ бидиҳем. Аммо онҳое, ки ин некиро намефаҳманд бояд бо онҳо низ мисли худашон муносибат дошта бошем. Тавре шоир мегӯяд:
Ба некон нек бошу бо хасон хас,
Ба дунон дун шавию аз касон кас.
Инсонҳое ҳастанд, ки барои худнамоӣ дар миёни суханронии одамон даромада, боиси нороҳатии дигарон мешаванд. Мо бояд эҳтироми ҳамдигарро дар ҷараёни суҳбат риоя намоем. Ҳар он чизе, ки мегӯем бояд андеша намуда, сипас онро ба забон биёварем. Ба ин нукта таваҷҷуҳ ва риояи онро Носири Хусрав ба маврид медонад.
Ба ҳар гуфтор манмо пешдастӣ,
Магӯ ногуфтаниҳо рав, ки растӣ.
Дар зиндагӣ мо бо одамоне рӯ ба рӯ мешавем, ки ҳанӯз дар ҳаёташон воқеае рӯх надода, худро маъюсу ноумед эҳсос мекунанд. Чунин ҳолат боиси нороҳатии худу атрофиён мешавад. Аз ин рӯ, мо бояд ба лаҳзаҳои дар дастамон буда, шукр гӯему ҳаётамонро бо хушнудӣ гузаронем. Ба таъкиди шоир:
Бихӯр в-аз н-омада ҳаргиз маяндеш,
Ки то фардо чи ояд мар-туро пеш.
Мо борҳо шунидаву дидаем, ки баъзе аз инсонҳо бе андеша суханронӣ намуда, боиси нороҳатии худу дигарон мешаванд. Ба қавле ҳикмати мардумии “Аввал андеша, баъд гуфтор”-ро риоя намекунанд. Ин ҳолат аз суханвар масъулияту дурандеширо талаб мекунад. Ин нуктаро Ҳаким Носири Хусрав дар шеъре басе дилнишину муассир ифода кардааст.
Сухан дониста гӯ чизе, ки гӯӣ,
Худ он дониста беҳтар, ар нагӯӣ.
Ба таъкиди шоир ҳар сухани хубу бадеро, ки мо ба дигарон мегӯем ҳамонро аз ҷониби дигар кас мешунавем. Шарти суханварӣ он аст, ки бояд ба атрофиён сухани нек гӯем то сухани хуб низ аз ҷониби дигарон шунавем.
Сухан бишнав зи лутфи ҳар сухангӯй,
Аз он соне, ки хуш ояд, чунон гӯй.
Магӯ нохуш, ки посух нохуш ояд,
Ба кӯҳ овози хуш деҳ, то хуш ояд.
Ҳолатҳое мешавад, ки инсонҳо андеша нокарда сухан мегӯянду боиси озурдахотирии дигарон мешаванд. Баъд аз гуфтан кушиш мекунанд, ки ин хатогии худро ислоҳ намоянд, аммо он аллакай дер шудааст. Ба қавле “Сухан тири аз камон ҷастаро” мемонад. Сухангӯйро лозим меояд, ки ҳамеша боандеша бошад. Чунончӣ:
Маранҷон кас, махоҳаш узр аз кас.
Ки бадкорӣ бувад озурдани кас.
Ки ранҷонидани кас ҳаст осон,
Ба даст оварданаш осон медон.
Ҷабру ситам аз мавзуъҳоест, ки шоирон пайваста дар нигоштаҳояшон ба он таваҷҷуҳ намуда, онро ба қалам додаанд. Ин мавзуъ дар қолаби мақолҳои халқӣ низ гуногун баён шудааст. Дар ин маврид Носири Хусрав мегӯяд:
Чу натвони илоҷи дарди кас кард,
Маяфзо аз ҷафояш дард бар дард.
Синони ҷабр бар дилреш кам зан,
Чу марҳам менадорӣ неш кам зан.
Ба таъкиди адиб инсонҳои наҷиб онҳое мебошанд, ки нафъашон ба дигарон бештар мерасад. Дар ҳар маврид ба одамон туҳфа ҳадя намуда, боиси хушҳолии дигарон мешаванд. Хушбахтӣ ҳам дар он аст, ки мо аз моли худамон ба дигарон қисмат кунем. Чунончӣ шоир мегӯяд:
Зи моли худ расон касро наволе,
Ба сайди шер дарѓунҷад шаѓоле.
Ва ё шоир ҷойи дигар мегӯяд:
Басо мумсик, ки неъмат ҷамъ овард,
Ки мурду қаҳбааш бо дигаре х(в) ард.
Суҳбат бо ҳамнишин ба руҳияи мо таъсири амиқ дорад. Ҳамин аст, ки шоир таъкид менамояд мо бояд бо кӣ нишастану суҳбат карданамонро хуб донем. Яъне, ба таъбири мардум “Бо моҳ шинӣ, моҳ шавӣ, Бо дег шинӣ, сиёҳ шавӣ” низ ба ин гуфтаҳои зер мувофиқ аст. Тавре мутафаккири барҷастаи тоҷик Ҳаким Носири Хусрав мегӯяд:
Хирадмандро ме чӣ гӯяд хирад?
Чӣ гӯяд-ш гӯяд “Ҳазар кун зи бад!”
Бад-он вақт гӯяд ҳамешаи ин сухан,
Ки аз бадкуниш бар сараш бад расад.
Ҳар амалеро, ки мо анҷом медиҳем мувофиқи он подош мегирем. Агар некӣ кардем ҳатман некӣ мебинем. Одами бадкирдор ҳеҷ гоҳ некӣ намебинад ва дар ҷомеа ҳамеша хору залил аст. Мо бояд аз мукофоти амали худ андеша кунем. Чунончӣ шоир дар шеъри дигараш ин мавзуъро шарҳ медиҳад:
Хирад бад нафармоядат кард аз он-к,
Саранҷом бар бадкуниш бад расад.
Бар ин қавл, эй хоҷа, ин бас гувоҳ,
Ки ҷавкор ҷуз ҷав ҳаме надравад.
Умуман мо аз осори гаронарзиши маънавии адиби соҳибистеъдод Ҳаким Носири Хусрави Қубодиёнӣ ба қавле “Муште аз хирвор” панду ҳикматҳои мардумиро, ки дар қолаби мақолҳои халқӣ истифода шудаанд, овардем. Бароямон маълум гардид, ки эҷодиёти даҳонакии халқ ба осори адиб ва мутафаккири бузург таъсири амиқ гузоштаанд. Бовар дорем, ки дар оянда масъалаи истифода ва таъсирпазирии зарбулмасалу мақол ва дигар жанрҳои фолклорӣ ба эҷодиёти Носири Хусрав аз ҷониби муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ мавриди пажуҳиши густарда қарор мегиранд.