Нимаи дуюми имрӯз 25 – уми октябр дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав идомаи кор дар бахшҳои
конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Муаммоҳои омӯзиши осори Носири Хусрав ва саҳми ӯ дар таърихи тамаддуни тоҷикон”, бахшида ба 1020-солагии мутафаккири бузург ва “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” давом кард.
Пас аз суханронии ифтитоҳӣ, ҳозирин ба бахшҳо тибқи барномаи кории конференсия тақсим карда шудаанд. Дар бахши аввали он “Илмҳои риёзӣ ва табиатшиносӣ” бахши дуюм аз “Илмҳои ҷомеашиносӣ” иборат буданд. Дар ҳар як бахш вобаста ба самти кории конференсия иштирокчиён маърӯзаҳои илмии худро баромад намуданд.