Шоми имрӯз, дар хобгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав тибқи нақша – чорабинии факултети филология тоҷик вохӯрии судманд бо бошандагони хобгоҳ доир гардид.
Дар вохӯрӣ мудири кафедраи рӯзноманигорӣ, дотсент Шарипов Сангимурод, мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик, дотсент Муродов Алишер, сардори Марказӣ таҳлилӣ – иттилооти донишгоҳ Назаров Умед ва омӯзгори кафедраи методикаи таълими ибтидоӣ Сорбон Саидамиров иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни баромад нотиқон оид ба дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, таҷлили ҷашнҳои милливу таърихӣ, аз ҷумла 30 -солагии Конститутсия, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парчами давлатӣ сухан карданд. Гуфта шуд, ки маҳз бо ташаббуси Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон тавонист ба ваҳдати комили миллӣ расида, сулҳу осоиштагӣ ба даст оварад.
Дар қисмати охири вохӯрӣ Сорбон Саидамиров, ки маҳорати навозандагӣ ва сарояндагӣ дошт бо суруду таронаҳои тараннумгари сулҳу дӯстӣ, ваҳдату ягонагӣ табъи ҳозириниро болида намуданд.