Имрӯз, 26 – уми октябр дар факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав миёни курсҳои якуми ихтисоси баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит маҷлиси падару модарон баргузор гардид.
Дар маҷлис декани факултет номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Холназарзода М.Ҳ., мудири кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ н.и.и, дотсент Мирзозода М.Ш, муовини декан оид ба илм ва инноватсия нии, дотсент Султонов М. иштирок намуданд.
Сипас, декани факултет Холназарзода М.Ҳ., баромад намуда, иброз дошт, ки дар шароити муосир аҳмият додани наврасон аз ҷониби волидон вазифаи аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад. Дар ин аснод ҳамкории волидон бояд бо он муассисаҳое, ки фарзандонашон таҳсил мекунанд ҳамкориро наздик намоянд.
Қайд намудан зарур аст, ки баргузории чунин вохӯриҳо дар доираи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ” Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” роҳандозӣ гардидааст.