Имрӯз, 28 – уми октябр дар кафедраи назарияи иқтисодии факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дарси маҷозӣ дар мавзуи “Амнияти озуқаворӣ дар Ҷмуҳурии Тоҷикистон” доир гардид.
Дарси маҷозӣ аз ҷониби д.и.и., профессори Донишгоҳи (славянии) Русияву Тоҷикистон
Ашуров И.С. баргузор гардид, ки дар он декани факултети молиявию иқтисодии донишгоҳ н.и.и., дотсентон Холназарзода М.Ҳ., Мирализода З.М., Расулзода Д.Б., Раҳимов П.С., Мирзозода М.Ш. ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Гуфта шуд, ки “Амнияти озуқаворӣ дар Ҷумуҳурии Тоҷикистон” яке аз масъалаҳои мубрам ба ҳисоб меравад.
Аз ин рӯ, амнияти озуқаворӣ дар самти иқтисодӣ ва нигоҳ доштани сабади истеъмолии сокинони кишвар мусоид менамояд.
Ёдовар мешавем, ки дар чунин дарсҳои маҷозӣ устодони донишгоҳ иштирок намуда, табодули таҷриба мекунанд.