Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони соҳаи илму маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.
Сиёсати маорифпарваронаву хирадмандонаи Сарвари давлат аз ибтидои фаъолияташон дар таҷлили ҷашнҳои гиромидошти бузургони форсу тоҷик аз қабили Абуалии Сино, Абурайҳони Берунӣ, Абубакри Розӣ, Имоми Аъзам, Имом Бухорӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Камоли Хуҷандӣ ва дигарон шаҳодати равшан барои гиромидошти ниёгони ҷаҳоншумуламон мебошад.
Маҳз дар бораи Носири Хусрав, Ҷаноби олӣ дар асари хеле арзандаи хуш “Чеҳраҳои мондагор” чунин ибрози ақида кардаанд: «Ҳаким Носири Хусрави Қубодиёнӣ аз ҷумлаи чунин бузургони фарҳангу хиради миллати тоҷик ба шумор меравад, ки умри азизи хешро баҳри худшиносӣ, ситоиши ифтихори миллию ватандорӣ ва раҳоиш аз зулму истибдоди аҷнабиён, хурофот ва дигар падидаҳои манфӣ сарф кардааст. Овони кӯдакӣ ба балоғати ӯ дар Шаҳри Тӯс, Тахти Қубод, Тахти Сангин, Қалъаи Мир, Кайқубодшоҳ ном шаҳристонҳои қадимаи Каёниён ва Бохтари бостон, ки воқеъ дар қаламрави Тоҷикистони имрӯзаанд, гузаштааст. Меҳри ин сарзамини аҷдодӣ дар ташаккули ғояҳои ватандӯстӣ ва истиқлолхоҳии ӯ нақши якумрӣ бозидааст. Ӯ истеъдоди фитрии шоириашро дар мактаби адабии Рӯдакӣ ва дигар сухансароёни аҳди Сомониён сайқал дода, аз асолати забони модарӣ ва фарҳанги волои миллати хеш ба ҳадди аъло бархурдор гаштааст».
Воқеан, Ҳаким Носири Хусрав яке аз чеҳраҳои мондагори илму адаби тоҷик буда, бо осори гаронбаҳояш ба монанди “Сафарнома”, “Саодатнома”, “Ҷомеъ-ул-ҳикматайн”, “Зод-ул-мусофирин” ва ғайраҳо, ки теъдодашро то 30 номгӯй баршумурдаанд, дар таърихи тамаддуни тоҷикон саҳми босазое гузоштааст.
Имсол, бино бар солшумории милодӣ, яке аз фарзандони фарзонаи Хатлонзамин – Ҳаким Носири Хусрави Қубодиёнӣ 1020 сол пур шудааст. Басо рамзист, ки бузургтарин донишгоҳи вилоят ва яке аз бузургтарин донишгоҳи кишвар – Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи ӯ номгузорӣ шудааст.
Бинобар ин дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав 1020-солагии Ҳаким Носири Хусрав дар сатҳи васеъ бо иштироки зиёда аз 110 нафар муҳаққиқони дохилию хориҷии кишвар таҷлил карда шуд, ки дар он меҳмонон ҳузурӣ ва ғайри ҳузурӣ аз кишварҳои Русия, Эрон, Туркия, Узбекистон иштирок намуданд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон аз донишмандон аз Академияи миллии илмҳо ва донишгоҳҳои мухталифи кишвар аз шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кулоб, Бадахшон ва Бохтар иштирок намуданд.
Носири Хусрав дар фалсафаи озодандешонаи исмоилия мақоми махсус дошта, ҳатто дар осораш вожаҳои ноби тоҷикиро, ки то имрӯз дар саросари кишвар пуристифода мебошанд, фаровон истифода кардааст. Масалан, дар “Сафарнома”-аш калимаҳои зерин бисёр мавриди истифода қарор гирифтаанд: астар, банд, бозӣ, вайрон, ганда, гармоба, гул, деҳа, даст, дил, доруфурӯш, зимистон, зебо, зин, зира, кандакорӣ, канизак, майдон, мард, мева, мех, меҳмон, миён, мош, нардбон, нома, об, остона, офтоб, падар, пиёда, посбон, ранҷ, ресмон, рӯз, сазо, сар, сол, танӯр, тухм, фарёд, фаровон, хандақ, харвор, хок, ҳуш, чарх, чароғдон, чӯб, ҷома, ҷон, шалғам, шарм, якдигар, якшанбе, ях ва ғайра.
Аз ин ҷо хулоса мешавад, ки ӯ нафақат ба шеър, махсусан, қасида ва адабиёт таваҷҷуҳ доштааст, балки ба илми забоншиносӣ, забони ноби тоҷикӣ низ саҳмгузор будааст.
Ӯ ба аҳли илм ва зарурати илмомӯзӣ, ки одам маҳз тавассути илмомӯзӣ камол меёбад ва комил мегардад, дар «Фасл фӣ-н-насиҳат»-и «Рӯшноинома» ном асараш чунин менависад:
Ҷамоли мардумӣ дар ҳилм бошад,
Камоли одамӣ дар илм бошад.
Носири Хусрав аз зумраи он донишмандонест, ки ҳамеша дар осораш аз панду ҳикмат ва ҳуввияти миллӣ ва худшиносиву пос доштани фарҳанги бумӣ, ҳифзу пок доштани он аз бегонагон сухан гуфтааст. Аз ин рӯ, бисёр бомаврид аст, ки мавзӯи ифтихор ва худшиносии миллӣ барои мардуми кишвари мо дар даврони истиқлолият басо муҳим аст ва ин мавзуъ ҷавҳари осори Носири Хусравро ташкил медиҳад.
Шарқшиноси шинохтаи амрикоӣ хонум Алис Ҳенсбергер дар асари хеле арзандаи худ “Лаъли Бадахшон” дар хусуси менталитети тарбия дар панду ҳикматҳои Носири Хусрав чунин менависад: “Фалсафаи панду ҳикмату тарбия ва шевое, ки зиндагӣ мекардааст, шоҳид бар онанд, ки вай то чи ҳад барои талаб ва ҷустани дониш ва доштани як зиндагии фаъоли иҷтимоӣ, барои беҳтар кардани зиндагии фард ва иҷтимоъ арзиш қоил будааст, самимият ва ихлос, шуҷоат ва устуворӣ дар мақсуд Носири Хусравро шахсияти ҷаззоб барои пайравони ҳамаи адён мекунад”
Ҳар як инсони фозилу хирадманд дар он сарзамине, ки таваллуд мешавад ва ватани худ меҳисобад ва меҳри онро то вопасин лаҳзаҳои умр мепарварад ва месарояд, ки барои наслҳои ояндагон дар масъалаи ватандӯстӣ сабақе гардад, заҳмат мекашад. Носири Хусрав ҳам бо меҳри саршор аз ватанаш чунин менависад:
Пайваста шудам насаб ба Юмгон,
К-аз насли Қубодиён гусастам.
***
Эй боди аср, агар гузарӣ бар диёри Балх,
Бигзар ба хонаи ману он ҷой ҷӯй ҳол.
Бингар, ки чун шудаст пас аз ман диёри ман,
Бо ӯ чӣ кард даҳри ҷафоҷӯи бадфиол.
Тарсам, ки зери пои замона хароб гашт,
Он боғҳо хароб шуд, он хонҳо талол…
Ба андешаи Носири Хусрав, агар ҷомеа аксар бемаърифату бесавод бошад, аз таъриху фарҳанг ва мероси панду андарзии ниёгони хеш бебаҳра бошад, вай ба бегонапарастӣ, ҷоҳилият ва нодониву гумроҳӣ мегаравад.
Ӯ ба ҳайси як устоди комилу пандомӯз мақом пайдо карда, чун ҳакими хирадманд ва муаллими адаб, покизагии ахлоқ, софии замир, андӯхтани ҳунару дониш, нафърасонӣ ба мардум, адлу инсоф ва кӯшишу корро тарғиб намудааст. Маҳз бад-ин ҷиҳат чунин навиштааст:
Беҳ аз санои олам деҳқон аст,
Ки ваҳшу тайрро роҳатрасон аст.
Донишманди шинохтаи Эрон – Зайнулобиддини Муътамад дар бораи осори саросар пандомӯзу ҳикматпазири Ҳаким Носири Хусрав чунин гуфтааст: “Носири Хусрав нахустин шоирест, ки тамоми осори ӯ дар мавзуи панду ахлоқу тарбият бахшида шудааст, бо он ки ҷанбаи мазҳабӣ ва фалсафии он бар панду ахлоқ бартар аст, вале пас аз он ки тасаввуф ба сурати расмӣ даромад ва махсусан, дар миёни табақаҳои шоирон бар осори қаробат ва иртиботи наздике, ки миёни шеъру тасаввуф аст, русух намуд, мавзуъоти панду ахлоқӣ расман дар шеър ворид шуд”.
Ҳамин тавр, Ҳаким Носири Хусрави Қубодиёнӣ панду насиҳатҳои хешро ба ҷавонон бо асое ташбеҳ додааст, ки аз ҳаргуна каҷрафторӣ ба раҳи рои ҳидоят мекунад:
Он гӯй мар маро, ки тавонӣ зи ман шунуд,
Ин панд мар туро ба раҳи рост чун асост.
Ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор
ҚУРБОНЗОДА МАҲМАДАЛӢ РАҲМАТ