Дар таърихи инкишофи ҳар як миллат воқеаҳое рух медиҳанд, ки барои таърихи он миллат нақши худро мегузорад. Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ҳамин қабил воқеаи таърихист, ки нақши худро дар таърихи миллати тоҷик гузоштааст. Бояд қайд намуд, ки 6 ноябри соли 1994 мардуми шарифи Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи нави худро қабул намуд, ки он дар таърихи навини Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз мавқеи махсусро касб намуд.
Тамоми дастовардҳои минбаъдаи ҷумҳурӣ маҳз аз ҳамин санади олии ҳуқуқӣ сарчашма мегиранд. Чунки, ҷиҳати расидан ба дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ, амалисозии ормонҳои миллӣ нақши Конститутсия муассир аст. Зеро дар хусуси қабули «Конститутсия ҳамчун қонуни олии кишвар – қайд менамояд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – азму иродаи мардуми Тоҷикистонро оид ба тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат эълон намуд».
Пеш аз ҳама, мехоҳам таваҷҷуҳи шуморо ба ҷанбаи эътимологии истилоҳи Конститутсия ҷалб намоям. Конститутсия – аз калимаи лотинии «constitutio» гирифта шуда маънои муқаррарот ё сохторро дорад. Конститутсия – қонуни асосии давлат буда дар он зоҳир мегардад, ки вай сарчашмаи асосии ҳуқуқии дорои эътибори олӣ аст, ки дар низоми санадҳои меъёрӣю-ҳуқуқӣ ҷойи баландтаринро ишғол менамояд. Санади расмии дорои аҳамияти ҷамъиятӣ ва давлатӣ, яъне ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ аст, ки дар он масъалаҳои асосии ҳокимияти давлатӣ, асосҳои сохтори иқтисодию иҷтимоии ҷамъият, вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, сохтори давлатӣ ва дигар масъалаҳои ҳаётан муҳими давлатӣ ва ҷамъияти муқаррар мешавад. Конститутсия омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии ҷамъиятиро муайян менамояд, яъне шаклҳои моликият ва ташкили фаъолияти иқтисодӣ, муносибати шахс бо давлат ва муҳимтарин ҳуқуқу уҳдадориҳои онҳо, таносуби қувваҳо ва гуруҳҳои иҷтимоии ҷамъиятро дар низоми сиёсӣ аниқ сохта, таъйинот, вазифаҳо, таркиби дохилӣ ва сохтори мақомоти худидора дар маҳалҳо-ҷамоатҳоро инъикос менамояд. Ҳар як Конститутсия новобаста аз низоми иҷтимоии давлат вазифаҳои муассисӣ, ташкилкунандагӣ, сиёсати беруна, идеологӣ ва ҳуқуқиро адо менамояд.
Бояд қайд кард, ки аввалин Конститутсия дар шакл ва мазмуни ҳозирабади ғалабаи инқилоби буржуазӣ-демократӣ қабул шудааст. Аввалин Конститутсияи ҳозиразамон дар Илёлоти муттаҳидаи Амрико соли 1787 қабул гардида ва соли 1789 ба амал даромааст. Баъдан соли 1791 дар Полша ва Фаронса Конститутсияҳои аввалин қабул шуданд. Аввалин Конститутсия бо талаботи меъёрҳои динӣ бад аз инқилоб дар Ҷумҳурии Исломии Эрон соли 1989 қабул карда шудааст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаги 5 маротиба яъне, солҳои 1929, 1931,1937,1978 ва 1994 қабул карда шудааст.
Пайдоиш ва инкишофи Конститутсияҳои Тоҷикистон бо барпоёбӣва ташаккули давлати миллии Тоҷикистон – Ҷумҳурии Мухтори ШӯравӣСотсиалистии Тоҷикистоналоқаманд аст. Давлати миллии мухтории тоҷикон мувофиқи қарор 27 октоябри соли 1924 дар ҳайати Ҷумҳурии Шӯравии СотсиалистииУзбекистан ташкил ёфтаст. Анҷумани Шўроҳои Тоҷикистон баробари ташкили Ҷумҳурии Мухтори Шӯравӣ Сотсиалистии Тоҷикистон ба ў супориш дод, ки то Анҷумани оянда Конститутсияи Ҷумҳурии Мухтори ШӯравӣСотсиалистии Тоҷикистонро тайёр намояд. Анҷумани дуюми Ҷумҳурии Мухтори Шӯравӣи Сотсиалистии Тоҷикистон 28 апрели соли 1929 Конститутсияи аввалини ҷумҳуриро кабул кард. Ин Конститутсияи Ҷумҳурии Мухтори ШӯравӣСотсиалистии Тоҷикистон бо ҳуқуқҳои мухторӣба ҳайати Узбекистон даромадани Тоҷикистонро ба тарзи Конститутсионӣба расмият даровард.
Баъди ташкилёбии Ҷумҳурии Иттифоқии Тоҷикистон масъалаи аз ҷиҳати ҳуқуқӣба танзим андохтани вазъи конститутсионии он пеш омад. Анҷумани чоруми Шўроҳои Тоҷикистон 25-уми феврали соли 1931 Конститутсияи аввалини Ҷумҳурии иттифоқии Тоҷикистонро қабул кард. Он мувофиқи Конститутсияи Иттифоқи Ҷумҳуриҳои Шӯравӣ Сотсиалистӣ соли 1924 тайёр карда шуда, ба ҳолату меъёрҳои он мувофиқбуд. Конститутсияи Ҷумҳурии ШӯравӣСотсиалистии Тоҷикистон соли 1931 объектҳои моликиятӣ-давлатӣ, асосҳои истифодаи онҳо, зарурияти хоҷагидории коллективиро дар хоҷагии қишлоқмуқаррар кард. Ҳуқуқи соҳибихтиёрона аз ҳайати Иттифоқи Ҷумҳуриҳои Шӯравӣ Сотсиалистӣ озодона баромадани Тоҷикистонро эълон намуд. Аммо ин меъёрҳо хусусияти эъломиявӣдоштанд ва ҳеҷгуна кафолати ҳақиқии амалӣ гардонидани он на дар худи Конститутсия ва на дар қонунҳо муайян карда нашуда буд.
Чи тавре, ки маълум аст, солҳои 1934-1936 аз тарафи ҳизби комунистии Иттиҳоди Шўравӣхулосаҳои назариявӣ бароварда шудаанд, ки мувофиқи онҳо дар мамлакат асосан сохти сотсиалистӣ ғалаба карда, давлати диктатураи пролетариат ба давлати сотсиалистии коргару деҳқон табдил ёфт.Шўроҳои вакилони меҳнаткашон – асосӣ сиёсии давлат, хоҷагидории сотсиалистӣва моликияти сотсиалистӣ-асоси иқтисодӣва иттифоқи байни синфи коргар ва деҳқон асоси иҷтимоии Тоҷикистонро ташкил менамоянд. Ҳамин буд, ки якуми марти соли 1937 Конститутсияи Ҷумњурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз нав қабул гардид, ки он моҳиятан, шаклан ва мазмунан бо Конститутсияи иттифоқ айнан буда, фақат оид ба баъзе ҷузъиёт аз он фарқ мекард. Ин Конститутсияҳо хусусияти иттифоқии давлатро боз ҳам маҳдуд намуда, барои ба давлати марказонидашудаи абарқудрат табдил ёфтани Иттиҳоди Шўравӣ заминаи ҳуқуқӣ гузоштанд. Ин Конститутсия 41 сол амал кард ва дар ин мўҳлат ба он қариб ҳазор маротиба тағйироту иловаҳо дароварда шуданд.
Соли 1978 Конститутсияи чорум ва охирини Ҷумҳурии Шӯравӣ Сотсиалистии Тоҷикистон қабул карда шуд ва дар он хулосаҳои назариявӣ дар хусуси дигаргуниҳое, ки дар ҷамъият, давлат, ҳолати ҳуқуқии шахс ба вуҷуд омаданд, инъикос гардонида шуданд. Ин Конститутсия 16 сол амал кард, аз ин сабаб бо Конститутсияи нав иваз гардонидани он сабабҳои объективӣ дошта, асоснок аст.
6-уми ноябри соли 1994 бо роҳи райпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.
Конститутсияи амалкунанда аз Конститутсияҳои гузашта куллан фарқ дошта, меъёрҳои он мустақиман амал намуда, ба стандартҳои санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад. Меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба стандартҳои байналмилалии ҷаҳонӣ ҷавобгӯ буда, аз меъёрҳои Эъломияи ҳуқуқи башар сарчашма гирифтааст. Зеро дар моддаи якуми боби аввали Конститутсияи кишвар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати иҷтимоӣ муаррифӣ карда шудааст. Давлат ба тамоми табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакону наврасони ятиму бепарастор, оилаҳои камбизоат, пирони дастнигару бемор, маъюбон ва ғайраро зери парасторӣ ва ғамхории махсус гирифтааст.
Конститутсияи амалкунанда аз Конститутсияҳои гузашта куллан фарқ дошта, меъёрҳои он мустақиман амал намуда, ба стандартҳои санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад. Меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба стандартҳои байналмилалии ҷаҳонӣ ҷавобгӯ буда, аз меъёрҳои Эъломияи ҳуқуқи башар сарчашма гирифтааст. Зеро дар моддаи якуми боби аввали Конститутсияи кишвар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати иҷтимоӣ муаррифӣ карда шудааст. Давлат ба тамоми табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакону наврасони ятиму бепарастор, оилаҳои камбизоат, пирони дастнигару бемор, маъюбон ва ғайраро зери парасторӣ ва ғамхории махсус гирифтааст.
Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста талош менамоянд, ки ҳарчи зудтар сатҳу сифати зиндагии халқ баланд гардида, Тоҷикистони азиз боз ҳам ободтару зеботар гардад. Аз ҷумла, Сарвари давлат соли 2014 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки «Тавре борҳо таъкид карда будам, мо азму талош дорем, ки барои ҳар як сокини мамлакат шароити зиндагии шоистаро муҳайё созем ва ҳамаи нақшаву барномаҳоямон маҳз ба хотири амалӣ гардонидани ҳамин ҳадафи олӣ қабул ва амалӣ карда мешаванд».
Инчунин, Президенти мамлакат дар яке аз баромадҳои худ қайд карданд, ки «Конститутсия ба сифати Қонуни Олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор медиҳад».
Ин санад дар таърих ба унвони Конститутсия эҷод гардид ва то имрӯз ҳамчун санади асосӣ шинохта мешавад. Чи хеле, ки дар боло қайд карда шуд, ҳарчанд қаблан мо дорои чунин санад будем, аммо он ҷавобгӯи ҳадафҳои давлату миллат набуд ва соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон зарурати ба низом даровардани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлати тоҷиконро ба миён овард. Масалан, забони тоҷикӣ чун забони давлатӣ расман эълон гардид ва рамзҳои давлатӣ ҳамчун муқаддасот шинохта шуданд. Мутобиқи ин талаботи Конститутсия коргузорӣ, ҳуҷҷатнигорӣ, таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва дигар муносибатҳои меҳнатӣ бо забони давлатӣ сурат мегиранд.
Афзалияти дигари ин санад таҳияи боби алоҳида оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон аст ва бори аввал мафҳуми инсон дар чаҳорчӯбаи қонуни асосии давлат баррасӣ ва эътироф гардид. Мутобиқи Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳаматарафа ҳимоя карда мешаванд ва давлат ба ин кафолат медиҳад.
Аз ҷониби дигар, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандонро вазифадор менамояд, ки риояи ҳама талаботи ин санад ҳатмӣ аст, яъне шаҳрвандон дар ҳама ҳолат бояд талаботи Конститутсияро риоя кунанд. Дар вақти риоя накардани талаботи Конститутсия мутобиқи қонун ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ ҷавобгарӣ муайян мешавад.
Бо назардошти ин метавон гуфт, ки қабули Конститутсияи Тоҷикистон зарурати рӯз ва боз як қадаме ба сӯи демократисозии ҷомеа буда ба рушди қонунгузорӣ дар ҷомеа мусоидат намуда, барои таҳким ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мустаҳкам намудани асосҳои сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои рушди устувори ҷомеа таъсуроти мусбат мерасонад. Қабули Конститутсия халқи тоҷикисторро муттаҳид, пояи давлатро устувор, сулҳро пойдор гардонид.
Давлатов Зулфиқор Буҳрониддинович, омӯзгори кафедраи фаъолияти гумрукии ДДБ ба номи Носири Хусрав