Имрӯз, 29-уми октябр соли 2024 дар асоси нақшаи дурнамои Донишгохи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва Донишгохи педагогики Алтай барои баланд бардоштани сифати таълим ва бедор намудани шавқу ҳаваси донишҷӯён барои таваҷҷуҳ ба омӯзиши забони русӣ бо иштироки мутахассисони донишгоҳи мазкур олимпиада дар байни донишҷӯёни факултети забон ва адабиёти рус ва донишҷӯёни гурӯҳҳои таълимашон бо забони русӣ гузаронида шуд. Дар рафти баргузории озмуни мазкур доктори илмҳои филологӣ, профессор Марина Ольга Викторовна ва дигар устодон ба ҳайси довари озмун иштирок намуда, бо донишҷӯён викторина дар мавзуҳои гуногун, аз ҷумла қироати шер дар васфи Тоҷикисто ва Россия бо забони русӣ низ гузаронид шуданд. Ҳаминро бояд қайд намуд, ки дар чорабинии мазкур ба ғайр аз факултети забон ва адабиёти рус , донишҷӯёни дигар факултетҳои донишгоҳамон низ фаъолона иштирок намуда, сазовори туҳфаҳои хотиравӣ гардиданд. Чорабинии мазкур рӯзи панҷшанбе низ гузаронида шуда ба иштирокчиени озмун сертификат тақдим карда мешавад.