Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти сарони давлатҳои узви Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) бахшида ба 60 солагии ташкилёбии СММ дар шаҳри Ню – Йорк 14 – сентябри соли 2005 – дар бораи мушкилоти минтакавии экологӣ, аз қабили оқибатҳои иҷтимоиву экологии хушкшавии баҳри Арал ба минтақаи наздиарал ва Осиёи Марказӣ суханронӣ карда, чунин зикр карданд: “Бо назардошти ҷиддияти махсуси проблемаҳои об барои мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар ин ҷо яке аз фалокатҳои бузургтарини умумибашарии экологӣ, яъне хушк шудани баҳри Арал ба миён омадааст”.
Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми суханрониҳои пурмуҳтавои худ инчунин қайд намуданд, ки таҳти сарпарастии СММ воситаи байналхалқии ҳамоҳанг сохтани оқибатҳои ин фалокат муайян карда шавад. Бо кӯмаки он ба тариқи афзалиятнок барномаи махсуси озмоиши минтақавиро барои ҳавзаи баҳри Арал бо мақсади ба даст овардани “Ҳадафҳои рушди ҳазорсола” амалӣ сохтан мумкин аст.
Бояд гуфт, ки баҳри Арал– бузургтарин майдони обӣ дар Осиёи Марказӣ мавқеъ гирифта буд. Он як замоне аз ҷиҳати масоҳат дар байни баҳру кӯлҳои дохила дар сайёраи замин ҷойи чорумро ишғол мекард ва яке аз калонтарин кӯл дар ҷаҳон шинохта мешуд. Соли 1960 майдони умумии баҳри Арал наздики 67-ҳазор км2 ва ҳаҷми обии он ба 1062 км3 баробар меомад. Баҳри Арал чандон чуқур набуда, умқи миёнаи он 20 – 25 метр ва ниҳоияш 68 метрро ташкил менамуд. Гарчанде, ки он бо номи баҳри Арал маълум аст, аммо ин кӯли дохилиест, ки ба ҳеч баҳр ва уқёнус иртибот надорад. Он дар шимолу ғарбии биёбони Қизилқум дар байни давлатҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон ҷойгир аст.
Ҳоло бошад майдони баҳр 30- ҳазор км2 ва ҳаҷми об ҳамагӣ 20- км3- ро ташкил мекунад. Таркиби намак аз 11 гр. лит ҳоло ба 40 гр. лит расидааст. Баҳри Арал дар тамоми ҷаҳон имрузҳо офати иҷтимоиву экологӣ, фоҷиаи инсониву экологӣ вобаста ба хушкшавиаш, шинохта мешавад.
Сабабу оқибатҳои пастшавии сатҳи оби баҳри Арал ба тамоми ҷаҳониён маълум гардидааст. Дар таърихи худ Арал аз сабаби эҳсосоташ ба тағийрёбии муҳити зист борҳо дар дами нестшави дучор шуда буд.
Воқеан дар давоми 200 соли охир сатҳи оби кӯл устувор монда буд, то он даме, ки дар солҳои 60-уми асри XX дар Ӯзбекистон, Туркманистон ва Қазоқистон инкишофи азими обёрии заминҳо барои парвариши зироатҳои хоҷагии қишлоқ аз ҷумла пахта оғоз нагардида буд.
Аз соли 1960 то соли 1990 майдони заминҳои обёришавандаи Осиёи Марказӣ аз 4,5 то 7 миллион гектар расид. Аҳолӣ дар минтақа аз 14 то 53 миллион расид. Эҳтиёҷоти об дар хоҷагии халқ аз 60 то 120 км3 дар як сол баланд гардид, ки аз он 90% барои обёрии пахта зарур буд. Ба ҳавзаи баҳри Арал ду дарёи бузург ва асосии Осиёи Марказӣ – Омударё, ки 2294 км дарозӣ дорад, аз ҷануб ва Сирдарё бо тӯлӣ 2684 км аз шимол ба Арал мерезад, манбаи асосии оби баҳри Аралро ташкил медодан, ки соле аз ин дарёҳо ба баҳр 59,4 км3 об мерехт ва ин 81% оби воридшаванда буд.
Вале 30 соли охир оби ин ду дарёи азими кӯҳиӣ ба ҷӯю каналҳои хурду калон чунон тақсим шуданд, ки дигар аз Амую Сир об ба баҳри Арал намерезад. Аз як тараф наомадани об аз дарёҳои Аму ва Сир бошад, ба ин баҳр аз тарафи дигар мавқеъ гирифтани баҳр дар як минтақаи биёбони ва дорои ҳарорати баланд дар давоми сол мебошад.
Айни ҳол сатҳи оби баҳри Арал 37м паст шудааст ва сатҳи хушкшуда бештар аз 40 ҳазор км2-ро ташкил медиҳад. Хушкшавии баҳр пеш аз ҳама ба иқлиму табиати атроф осори манфӣ гузошт. Дар оянда яке аз сабабҳои дигари камшавии оби баҳри Арал ин сохта ва ба истифода додани канали қуштеппа (Хуштеппа) мебошад. Мақсади асосии сохта ба истифода додани ин канал обёри намудани заминҳо ва ба обӣ ошомидани таъми намудани аҳолӣ Ҷумҳурии Афғонистон мебошад.
Чунин дигаргуншавии сатҳи об боиси ба вуҷудоии майдонҳои васеи хоку регзори намакин шудааст, ки дар натиҷаи бодду шамолҳои сахт чангу ғубори он ба масофаи ҳазорҳо километр паҳн мегардад. Оқибатҳои нохуши экологию иҷтимоии ин мавзеъ пеш аз ҳама барои аҳолии гирду атрофи баҳр ва дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ фоҷеаангез мебошад.
Сарфаи об дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ яке аз беҳтарин роҳҳои наҷоти баҳри Арал мебошад.
Рауфов Бурҳониддин, омӯзгори факултети Менеҷмент ва идораи Сайёҳи ДДБ ба номи Н. Хусрав