Имрӯз, 30 – юми октябр устодону масъулини факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз рафти таҷрибаомӯзии донишҷӯёне, ки дар муассисаҳои таълимии шаҳри Бохтар сафарбар гардидаанд, дидан намуданд.
Бо раванди таҷрибаомӯзии донишҷӯён мудири кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ, дотсент Садриддини А., роҳбари таҷрибаомӯзии факултет Қаландаров С. ва муовини декан оид ба илм ва инноватсия, дотсент Баротов М. шинос шуда, ба таҷрибаомӯзон маслиҳату дастурҳои методӣ доданд.