Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.12. 2023 оид ба қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳаммияти он дар ҳайёти мамлакат чунин таъкид гардид: «Амали намудани меъёрҳои конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу ороми, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди уствори иқтисодии мамлакатамонро таъмин намоем, барои ҳар шаҳрванди Ҷумҳури шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона муҳаё созем».
Дар ин замина сарвари давлат зимни ироаи паёмшон ба Маљлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудаанд, ки ба ифтихори ин санаи бисёр муҳими таърихи соли маърифати ҳуқуқи эълон шавад.
Инак мо дар «соли маърифати ҳуқуқи» қарор дорему вобаста ба ин ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қаттор корҳои таблиғотию ташвиқотӣ баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон роҳандози шуда мавриди амал қарор дорад.
Маврид ба зикр аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-уми ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умуми халқӣ қабул гардида, соли 2024 сиюмин солгарди қабули он таҷлил карда мешавад.
Агар ба таърих назар афканем нахустин маротиба Конститутсия ҳамучун ҳуҷҷати сиёсиву ҳуқуқӣ соли 1787 дар ИМА қабул гардида дар танзими машғулиятҳои ҷамъияти нақши муҳим бозид. Таърихи инсонят Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши кабирро хуб дарёд дошта, дар тули таърих ин кишварҳо ҳангоми таҳияи конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии вобаста ба ҳуқуқи инсон онро мавриди истифода қарор додаанд.
Боиси зикр аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, яке аз беҳтарин конститутсияи ҷаҳон маҳсуб ёфта, маҳз бо иродаи мустаҳками халқи тоҷик қабул гардидааст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар панҷгонаи мазкур дохил ва эътироф карда шудааст. Дар даҳ боб ва сад моддаи он тамоми паҳлуҳои риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд инъикос гардида, заминаҳои ҳуқуқи фароҳм оварда шудаанд, ки мо бевосита онҳоро дар амал тадбиқ менамоем ва ҳуқуқҳои худро ҳимоя мекнем.
Баҳри дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани сисолагии Конститутсияи кишвар, ки бахтномаи миллат ба ҳисоб меравад, корҳои муайяне ба анҷом расонида шуда истодаанд. Боиси ифтихор аст, ки ин ҳама аз баракати соҳибистиқлоливу соҳибдавлатии мамлакат сарчашма мегирад.
Исмонқулова М. А.,
Омӯзгори кафедраи назария ва
типологияи забони англисии ДДБ ба номи Носири Хусрав