Имрӯз, 31 – уми октябр дар толори варзишии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мусобиқаи варзишӣ оид ба волейбол миёни донишҷӯёни факултетҳои донишгоҳ ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Дар чорабинии варзишӣ, раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи донишгоҳ Шарипов Маҳмадкарим, муовини ректор оид ба тарбия Нурализода Наргис, ва дигар устодони варзишии донишгоҳ иштирок намуданд.
Нахуст, сухани ифтитоҳиро раиси Кумитаи муттаҳидаи иттифоқҳои касаба Шарипов Маҳмадкарим кушода ёдовар гардид, ки бозии волейбол миёни донишҷӯёни 14 факултетҳои донишгоҳ бо ташаббуси раёсати донишгоҳ бахшида ба “Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор мегардад.
Сипас, ҳозиринро бо низомномаи бозии волейбол шинос намуд.
Пас аз сухани ифтитоҳӣ, муовини ректор оид ба тарбия Нурализода Наргис, суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки ташкилу баргузории чунин мусобиқаҳо дар баробари рушду оммавияти варзиш ба тарбияи ахлоқиву маънавии донишҷӯён замина мегузорад.
Варзиш як навъи тарбия ва василаи таҳкимбахши дӯстиву рафоқат миёни ҷавонон ва қавму миллатҳо мебошад.
Бояд ёдовар шуд, ки мусобиқаи мазкур аз рӯи низмонома марҳалабандӣ шуда, дастаҳо миёни ҳам рақобатро оғоз намуданд.
Дастае, ки миёни факултетҳо ғолиб меояд бо туҳфаю мукофотҳои таъсисдодаи Кумита ва Раёсати донишгоҳ қадрдонӣ карда мешаванд.