Дар кафедраи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии факултети сиёсат ва идораи давлатии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав маҳфили илмии “Дунёи сиёсат” таҳти унвони “Истиқлолияти сиёсӣ ва хусусиятҳои муҳимми он”баргузор гардид.
Дар кори маҳфили илмӣ мудири кафедраи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ, профессор Саидов А.С., дотсент Исозода Т.И., ноиби декан оид ба илм ва инноватсия н.и.с. Мадвалиев Ҷ.А. ва омӯзгорон Абдуллоев Ш., Абдусаломзода А. ва дигарон устодону донишҷӯён иштирок намуданд.
Сипас, маърӯзаҳои аъзоёни маҳфил шунида шуд, ки сиёсати имрӯзаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳозирин ироа намуданд.
Дар охир баъди шунидани маърӯзаҳо ҳозирин ба музокира баромада ба саволҳои хеш ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.