Имрӯз, 31 – уми октябр дар факултети педагогика ва варзиши Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав маҳфили навбатии “Махзани илм” бахшида ба 30 – юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти унвони “Конститутсия ҳомии кишвар” доир гардид.
Дар маҳфил муовини декан оид ба илм ва инноватсия н.и.п. Ҷалилова М., омӯзгорон Хоҷаев Н., Давлатбекзод В. ва дигарон иштирок намуданд.
Сипас, роҳбари маҳфил Азизов С., ҳозирнро ба рӯзномаи маҳфили навбати шинос намуд.
Зикр дошт, ки Конститетсия кафили суботи сокинони кишвар маҳсуб меёбад.
Пас аз суханронии роҳабри маҳфил устодон миёни донишҷӯён вобаста ба таърихи конститутсия бозиҳои зеҳнӣ анҷом дода, дар васфи ватан, шеъру сурудҳо қироат намуданд.
Ёдовар мешавем, ки чунин маҳфилҳои илмию адабӣ дар факултетҳои донишгоҳ мунтазам баргузор карда мешавад.