Дар факултети гумрук ва таҳлили иқтисодӣ назди кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва аудити Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дарси кушоди дотсенти факултети мазкур Зувайдуллозода Ганчина аз фанни “Таҳлили комплекси фаъолияти хоҷагидории корхонаҳо” доир гардид.
Дар он декани факултет, дотсент Шодиён Бурҳониддин, мудири кафедраи андоз ва андозбандӣ, дотсент Холов Тоҷиддин ва дигар омӯзгорон иштирок намуданд.
Дар дарс омӯзгор дар мавзуи “Таҳлили хавфи муфлисшавии корхонаҳо” -ро ба донишҷӯён шарҳ доданд.
Гуфта шуд, ки хавфҳои иқтисодӣ махсусан ба ҳолатҳои сунъӣ ва ғайри сунъӣ ба миён меоянд. Маҳз беқурбшавии пул, нобаробар будани сарф бо хорҷӣ корхона дониста мешавад.
Дар охир донишҷӯён ба саволҳои норушани мавзуъ ҷавобҳои дақиқ гирифтад.
Ёдовар мешавем, ки дарсҳои кушод ва намунавӣ низ табқи нақша – чорабиниҳои донишгоҳ гузаронида мешаванд.