Имрӯз, 1- уми ноябр дар кохи фарҳании Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024 дар мавзуи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – санади олии ҳуқуқии кишвар» доир гардид.
Дар кори конференсия муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Сафарбекзода Ҳукмиддин меҳмонон
Холиқзода Абдураҳим Ғафор, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор, сарходими калони илмии Институти фалсафа, сиёсат ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дигар профессорону устодони донишгоҳ иштирок намуданд.
Сипас, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия дотсент Сафарбекзода Ҳ., бо сухани ифтитоҳи баромад намуда, меҳмононро ба конференсияи навбати шод бош намуд.
Зимнан, Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор, сарходими калони илмии Институти фалсафа, сиёсат ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи “Нақши Пешвои миллат дар рушди қонунгузории миллӣ” шунида шуд.
Пас аз шунидани маърӯза,
Холиқзода Абдураҳим Ғафор, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Конститутсия ганҷинаи хайри ҷамъият: назари тозаи ахлоқӣ – ҳуқуқӣ ба Конститутсия” маърӯза намуд.
Мамадғафуров Исмоил Эгамназарович, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти кафедраи ҳуқуқ ва идораи давлатии Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» дар мавзуи “Конститутсия ва низоми давлатдории муосири Тоҷикистон” баромад намуд.
Зикр намуданд, ки дар ҳақиқат, миллати тоҷик дар масири таърих дорои давлат ва шаҳрҳои бузург буд. Маҳз бо саъю талоши ниёгонамон санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, ки асоси онро ҳифзи манфиатҳои инсонро дар бар мегирифт, қабул мегардиданд.
Ёдовар мешавем, ки
Конференсия дар ду бахш идома дошта, бахши аввал
“Илмҳои ҳуқуқшиносӣ” дигар “Илмҳои сиёсатшиносӣ” тарҳрези шудааст.
Бахшҳо баъди нисфирӯзи кори худро идома медиҳанд.