Дирӯз дар толори Шурои диссертатсионии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо иштироки устодони факултети техникӣ ва технологӣ бо Донишгоҳи биотехнологии Руссия дарси маҷозӣ, (онлайнӣ) доир гардид.
Дар дарси маҷозро
доктори илмҳои техникӣ, профессори кафедраи саноати хӯрокворӣ, меҳмонхона ва хизматрасонии Донишгоҳи биотехнологии Руссия, Васюкова Анна Тимофеевна дар мавзуи “Асосҳои илмии технологии истеҳсоли маҳсулоти хурокворӣ” бо иштироки декани факултети мазкур, дотсент Холмуродзода М. омӯзгорну донишҷӯёни курсҳои якум ва чоруми таҳсилашон бо забони русӣ гузаронида шуд.
Дар равнди дарси маҷозӣ
доктори илмҳои техникӣ, профессор Васюкова Анна Тимофеевна иброз намуд, ки раванди техналогия метавонад дар истеҳсоли маводи ғизоӣ, аз ҷумла хурокворӣ нақши асоси дорад.
Барои дар сатҳи баланд истеҳсол намудани маводи озуқа истифодаи технология ва механизми кории он басо муҳим дониста мешавад.
Дар идома дарс тарафҳо вобаста ба мавзуи матраҳшаванда табодули назар намуданд.
Гуфта шуд, ки ин охирини дарси маҷозӣ набуда зина ба зина дар дигар масъалаҳои мубрами таълимию таҳқиқотӣ миёни донишгоҳҳо гузаронида мешаванд.
Все реакции:
25