Дирӯз, устодону донишҷӯёни факултети гумрук ва таҳлили иқтисодӣ дар толори маҷлисгоҳи Донишгои давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар машғулияти таълимии маҷозӣ иштирок намуданд.
Дар машғулияти маҷозӣ (онлайн)-ӣ устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисодӣ Тоҷикистон, Муассисаи давлатии Донишкадаи байналмилалии Хуҷанд, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Международный университет туризма и предпринимательства Таджикистана ва Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав иштирок намуданд.
Дарси маҷозиро устоди кафедраи фаъолияти гумруки ДДБ ба номи Носири Хусрав Зулфиқор Давлатов дар зери мавзуи “Тартиби адои хизмат дар мақомоти гумрук” гузаронид.
Иштирокчиёну донишҷӯён дар машғулияти маҷозӣ (онлайн)-ӣ аз муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.
Дар охир устодони донишгоҳҳои зикршуда, фикру мулоҳизаҳо баён намуда, ҷиҳати ташкили чунин робитаҳои таълимӣ изҳори хушнудӣ намуданд.