Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сокинони давлати соҳибихтиёр санаи 6 ноябри соли 1994 санади тақдирсози худ Конститутсияи Тоҷикистон ро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуданд ва тулли 30 сол аст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон сарнавишти худро тибқи муқаррароти ин ҳуҷҷати воқеан тақдирсози кишвар равона намуда, самтҳои тараққиёти ҳамаи соҳаи зиндагиашонро муайян намуда, пеш бурдаистодаанд.
Зарурат ва аҳамияти қабулшавии Конститутсияи кишварро дар бунёди давлатдории миллӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи таърихии XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муроҷиатномаи худ ба мардуми шарифи Тоҷикистон 12 декабри соли 1992 таъкид намуда, иброз дошт, ки «Асоси қонунҳои Тоҷикистонро нав карда, онро бо назардошти меъёрҳои байналхалқӣ такмил дода, барои бунёди давлати демократии ҳуқуқбунёд замина гузоштан лозим аст».
Конститутсия ғояҳоеро мустаҳкам менамояд, ки онҳо таҷасумкунандаи асосҳои сохтори конститутсионӣ ва татбиқкунандаи мақсад, вазифа ва сиёсатӣ давлат аст. Қабули саривақтии қонуни асосии кишвар ва мутобиқ сохтани он ба талаботи замон кафолати зарурии инкишофи таърихӣ, нишонаи рушди ҳуқуқ аст.
Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати сиёсӣ мазмуни ба худ хосеро доро буда, дар он шакли ҳуқуқии масъалаҳои мубрами марбут ба соҳибихтиёрии давлат, тарзҳои ташкили ҳокимияти давлатӣ, сохтори давлат, ҳолати ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд ва шаклҳои гуногуни моликият муайян ва кафолат дода шудааст. Меъёрҳои конститутсионӣ барои фаъолияти мақомотҳои давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шахсони мансабдор, инсон ва шаҳрвандон сарчашма ба ҳисоб рафта, меъёрҳои конститутсионӣ дар бисёр маврид баҳри муайяннамоии усулҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлат, аз ҷумла сиёсати хориҷии давлат равона карда шудаанд.
Соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон ба қабули конститутсияи навини он асос гардида, хусусиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ эълон намуд. Сарчашмаи асосии Конститутсияи нави Тоҷикистон Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон (соли 1990-1991) аст, ки дар он ба таври сиёсӣ-њукуќӣ соњибихтиёрии давлатии Тоҷикистон эълон гардидааст. Мањз дар ин эъломия бори нахуст эълон карда шудааст, ки дар марзи Тоҷикистон волоияти Конститутсия ва қонунҳо амал мекунад.
Мавқеи Конститутсия дар муайян ва равон кардани мазмуни қонунҳои сершумор ва санадҳои ҳуқуқии Тоҷикистон бо роҳи татбиқи асосҳо ва заминаҳои муқарраргардида хеле калон аст. Аз ин рў, конститутсия ва меъёрҳои он дар ташаккулёбии низоми ҳуқуқӣ ва қонунгузории Тоҷикистон, дар пойдор гардидан ва камолоти давлатдорӣ дар Тоҷикистон аҳамияти муайянкунанда дорад. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд, ки: «Давлати соњибихтиёри тоҷикон фаъолияти худро тавассути Конститутсия ба роҳ мемонад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил низоми ҳуқуқии худро доро буда, дар он конститутсия мавқеи асосиро ишғол намуда, ба ҳаёти давлативу ҷамъиятӣ таъсир мерасонад».
Ташаккули давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон заминаи сиёсию ҳуқуқии худро дошта, марҳилаи моҳиятан ва сифатан нави инкишофи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қабулшавии Конститутсияи соли 1994 вобастагӣ дорад. Бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ қабул шудани Конститутсияи навини Тоҷикистон шаҳодати он аст, ки он мувофиқи мақсаду мароми халқ қабул карда шуда, меъёрҳояш барои ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои халқи Тоҷикистон равона карда шудаанд ва маҳз ин ҳолат ифодакунандаи мақсаду моҳияти Конститутсияи амалкунандаи Тоҷикистон аст.
Конститутсия на танҳо қонуни асосӣ, балки санади махсуси ҳуқуқиест, ки бо эътибори олии ҳуқуқӣ ва махсусияти худ аз дигар санадњои меъёриву ҳуқуқӣ фарқ мекунад, ки ин хусусиятҳо ҳамчун сарчашмаи ягонаи қонунгузории Тоҷикистон конститутсияро мустаҳкам намуда, мутобиқати дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқиро ба конститутсия тақозо менамояд, ки ин хусусият тавассути моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода шудааст.
Халқи Тоҷикистон ро бахту саодати бузурге насиб гардидааст, ки соњиби чунин Конститутсияи сазовор њастанд, зеро он аз ҷониби олимон, коршиносон, аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ба ҳайси яке аз намунаҳои конститутсияи демократии ҷаҳонӣ пазируфта шудааст. Ин баҳогузориро нисбат ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин баён намудаанд: «Конститутсия нишонаи нахустин ва муњимтарини соҳибихтиёрии давлат буда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва давлатҳои дигар эътироф гардидани соҳибихтиёрии он аз ҳамин ҳуҷҷати тақдирсоз сарчашма мегирад».
Қобили зикр аст, ки ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Тоҷикистон танҳо бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ имконпазир буда, танњо халқи Тоҷикистон ҳамчун сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ метавонад тағйиру иловаҳо ба матни Конститутсияро қобили қабул донанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон имрўзҳо дар роҳи бунёди давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ қадамҳои устувор мегузорад. Асоси ҳуқуқии таҳким ва амалисозии ғояи мазкурро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил менамояд, ки меъёрҳои он батадриҷ бо мурури замон мукаммал мегарданд.
Омилу равандҳои зикргардида гувоҳи медиҳад, ки тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуда боиси пешрафти ҷомеа ва давлат гардида барои боз ҳам таҳкиму такмил ёфтан заминаи мусоид мегузорад.
Ҳаминро бояд гуфт,ки ваъзи сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳолатҳои дигар дар давлатҳои алоҳида зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияро ба вуҷуд меорад, ки сабаби асосии он мутобиқ намудани меъёрҳои ин санад ба шароити зиндагии аъзои ҷомеа мебошад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медињад, ки ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия боиси пешрафти соҳаҳои алоҳидаи хоҷагӣ мегардад, механизми баамалбарорӣ ва ҳифзи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд устувор мешавад.
Раҷабализода Самандар Раҷабалӣ-омӯзгори
кафедраи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои
байналхалқии ДДБ ба номи Носири Хусрав