Донишҷӯи курси 1-уми факултети сиёсат ва идораи давлатии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Хоҷаева Нигора Наврӯзовна дар Озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин донандаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва 30 – юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Донишгоҳи байналимилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баргузор шуд, фаъолона иштирок карда, сазовори ҷойи сеюм гардид.
Ба ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ ин комёбиро муборак мегӯем.