Имрӯз санаи 3 -юми декабри соли равон дар толори бинои ососии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҷаласаи Раёсат таҳти роҳбарии профессор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат баргузор гардид. Дар кори ҷаласа, муовинони ректор оид ба таълим, илм, тарбия, робитаҳои байналмилалӣ, деканони факултетҳо ва сардорони шуъбаву идораҳои масъул иштирок доштанд.
Дар ҷаласа масъалаҳои ҳолати феълии таълиму тарбия ва низому тартиби ҳуҷҷатгузорӣ дар факултетҳои филологияи тоҷик, забон ва адабиёти рус, забони англисӣ, рафти иҷрои лоиҳаҳои корҳои курсӣ, рисолаҳои хатми бакалаврӣ ва магистрӣ дар шуъбаҳои рӯзона ва фосилавии донишгоҳ, натиҷаи ба ҷойи кор ҳозир шудани мутахассисони ҷавони ихтисосҳои омӯзгорӣ дар соли хатми 2024 мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифт.
Доир ба масъалаи аввали ҷаласа раиси комиссия, мудири кафедраи педагогика Гулбаҳор Бобоева вобаста ба ҳолати феълии таълиму тарбия ва низому тартиби ҳуҷҷатгузорӣ дар факултетҳои филологияи тоҷик, забон ва адабиёти рус, забони англисӣ гузориш дод. Зимни гузориш иброз гардид, ки ҳолати феълии таълиму тарбия ва низому тартиби ҳуҷҷатгузорӣ дар факултетҳои номбаршуда айни замон дар асоси талаботи низомномаи макотиби таҳсилоти олӣ ба роҳ монда шудааст ва дар маҷмӯъ метавон онро қаноатбахш арзёбӣ намуд. Дар баробари ин, зимни санҷиш як қатор норасоиҳо, аз ҷумла дар кори ҳуҷҷатгузории кафедраҳо, фаъолияти маҳфилҳои фаннӣ ошкор шудаанд. Оид ба масъалаи баррасишуда аъзои ҷаласа – муовини ректор оид ба таълим Х.Ҳамдамзода, дотсентон А.Саиднуриддинзода, Б.Кибориён ба музокира баромада, андешаҳои хешро иброз доштанд. Барои бартараф намудани норасоиҳои ошкоршуда раиси ҷаласа ба масъулини факултетҳо дастуру супориши мушаххас дод.
Баъдан, оид ба масъалаи рафти иҷрои лоиҳаҳои корҳои курсӣ, рисолаҳои хатми бакалаврӣ ва магистрӣ дар шуъбаҳои рӯзона ва фосилавии донишгоҳ мудири кафедраи забони тоҷикӣ Меҳрубон Назаров ба аъзои ҷаласаи Раёсат маълумот дода, зикр намуд, ки соли таҳсили равон дар 45 кафедраи донишгоҳ 4604 адад кори бакалаврӣ мавҷуд аст, аз ин шумора 1480 –ададаш ба донишҷӯёни таҳсили рӯзона рост меояд. Қайд гардид, ки баъзе аз мавзуъҳои рисолаҳои хатми бакалаврӣ характери реферативӣ дошта дар онҳо банду басти рисолаҳо ба талаботи низомнома ҷавобгу нестанд, аз ҷумла кам будани миқдори саҳифаҳо, мухтасар будани мазмуни рисолаҳо бо се забон (аннотатсия) дар варақаҳои кори курсии донишҷӯён мавҷуд намудани имзоҳо ва таърихи он, кам будани иқтибос, номгуи адабиёт аз зумраи камбудиҳои ошкоршуда мебошанд.Дар музокираи масъала муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Сафарбекзода Ҳ ибрози андеша намуд. Барои пешгирӣ ва бартараф намудани камбудиҳои ошкоршуда дар ин самт раиси ҷаласа таъкид намуд, ки минбаъд робитаи мунтазамро миёни муовинони илмии факултетҳо ва раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ боз ҳам ҷоннок намудан ба манфиати кор мебошад. Дар ҷамъбасти масъала баҳри бартараф намудани норасоиҳо ба масъулин дастуру супориш дода шуд.
Дар идомаи кори ҷаласа сардори шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус Тоҷиддин Исозода доир ба масъалаи натиҷаи ба ҷойи кор ҳозир шудани мутахассисони ҷавони ихтисосҳои омӯзгорӣ дар соли хатми 2024 гузориш дод. Қайд гардид, ки 95,2 % мутахассисони риштаи омӯзгорӣ дар соли 2024 ба ҷойи кор ҳозир шуданд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11% зиёд мебошад. 9 нафар хатмкунандагони соли таҳсили 2023 маблағи таҳсилро, ки маҷмуан 80379 сомониро ташкил медиҳад, ба буҷа баргардониданд.
Тибқи талаботи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассисони ҷавоне, ки муассисаҳои таҳсилоти олиро аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ хатм мекунанд, вазифадоранд, ки тибқи тақсимоти Комиссия ва роҳхати вазорату идораҳои дахлдор на камтар аз се сол бояд фаъолият намоянд.
Ҳамин тавр, дар кори ҷаласаи Раёсати донишгоҳ масъалаҳои муҳими марбут ба илму инноватсия, таълиму тарбия муҳокима гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.