Пас аз пошхӯрии ИҶШС дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Тоҷикистон истиқлолияти давлатӣ ба даст оварда, ба эъмори сохторҳои нави ҳокимият пардохт. Дар Тоҷикистон ҷомеаи бисёрҳизбӣ ба вуҷуд омад. Вале, бисёре аз созмонҳо ва иттиҳодияҳои пайдошуда, характери маҳалгароӣ ва мазҳабӣ доштанд ва маҳз ҳамин боиси оғоз гардидани рақобатҳои сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ шуд, ки оқибат зиёда аз яксаду панҷоҳ ҳазор нафар одамон қурбони ҷанги таҳмилии солҳои 1992-1997 гардиданд. Ҳамин тариқ, дар аввали солҳои 90-уми қарни ХХ дар ҷумҳурӣ даҳҳо ҳизбҳои сиёсӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ пайдо шуда, ба фаъолият шуруъ намуданд.
Дар шароити Тоҷикистон хусусиятҳои хоси таъсисёбӣ ва фаъолияти ҳизбу созмонҳои бешумор аз мақсаду мароми онҳо вобаста буд. Аммо, нақш ва мавқеи ҳар як ҳизби сиёсӣ дар ҳаёти ҷамъият, характер ва хусусиятҳои рақобати байниҳизбӣ ва муборизаи онҳо барои ба даст даровардани ҳокимият нигаронида шуда буд.
Дар шароити ниҳоят душвори ҳарбӣ-сиёсӣ ва муборизаи оштинопазири аввали солҳои 90-уми асри ХХ, баъд аз баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон масъалаи барпо намудани давлати демократию ҳуқуқбунёд ва дар ҷумҳурӣ ба вуҷуд овардани ҳизбҳоро, ки маҳаки асосии фаъолияташон роҳҳои пеш бурдани соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бошад, гузошта буд. Ин буд, ки нимаи аввали соли 1993 аз ҷониби Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғояи ташкил кардани Ҳизби Халқии Тоҷикистон пешниҳод шуд ва 12 июни соли1993 кумитаи тадорукоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ташкил гардид. Ва ниҳоят 10 декабри соли1994 Анҷумани муассисони ҳизб дар бораи ташкилёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор қабул намуда, Оиннома ва Барномаи онро тасдиқ кард.
Тавре, маълум аст, ки самти асосии фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз муттаҳид намудани неруи пешқадам ва тавонои ҷумҳурӣ буда, ба хотири барпо намудани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ҷомеаи аз ҷиҳати иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мутараққиро таъмин намудан иборат буд.
Дар амал татбиқ гардидани ҳадафҳои созанда эътимоди мардуми кишварро нисбат ба ҲизбиХалқии Демократии Тоҷикистон зиёд намуд ва ин буд, ки шумораи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сол то сол рӯ ба афзоиш ниҳод ва дар ҳар як гӯшаву канори мамлакат обрӯву нуфузи он боло рафт. Дар тӯли таърихи соҳибистиқлолии кишвар Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон исбот намудааст, ки ҳизби пешбарандаву созанда, бунёдкор ва воқеан ҳам мардумӣ ҳаст. Имрӯз мардум ба ин ҳизб ва Роҳбари он-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътиқоду эҳтиром ва муҳаббати зиёд доранд.
Дар Тоҷикистон низ кӯшишу талошҳо аввал дар масъалаи фарҳанг, пеш аз ҳама масъалаи забони тоҷикӣ сурат гирифта, неруҳои сиёсие ба амал меомаданд, ки аз мавқеи миллӣ ва гоҳе аз назари маданӣ баромад мекарданд.
Ҳамин тавр, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар давраи ниҳоят мураккаб ва душвор таъсис ёфта, барои миллату давлат, ҷиҳати мустаҳакам гардидани Ҳокимияти конститутсионӣ рисолати басо бузургро амалӣ намуд. Зеро ин ҳама аз сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Раиси он, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеомад. Дар рўзҳое, ки ашхоси манфиатҷӯ ва гурӯҳҳои махсус аз рўи таассубҳои маҳалгароӣ ва мазҳабӣ кишварро ба гирдоби ҷангу хунрезӣ кашида, Тоҷикистони соҳибистиқлоли тозатаъсисро ба чанд қисм ҷудо шудан наздик оварда буданд, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис ёфта, бо барномаҳои созанда ва демократии худ, ки сирф ба манфиати миллату давлат равона гардида буд, ба фаъолият шуруъ намуд.
Ҳамин тавр, Раиси ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон дар миёни халқи мамлакат ва ҳазорон ҳазор ҳамватанони бурунмарзӣ бо сиёсати сулҳофари худ эҳтироми бузургро сазовор шуда, ҳизб дар арсаи байналхалқӣ ва дар дохили мамлакат нуфузи баланд пайдо кардааст. Воқеан ҳам Эмомалӣ Раҳмон асосгузори сулҳи тоҷикон ва пешвои миллат ба ҳисоб меравад, зеро ба миллати мотамзадаю гирифтори ҷанги хунин гардида сулҳро таъмин намуд ва халқро аз парокандагию парешонӣ сарҷамъ сохт.
Яке аз ҳадафҳои аосии ҳизб таъмини рушди устувори иқтисодиёт ва мустаҳкам намудани пояҳои давлатӣ, ки дар он новобаста ба фарқияти миллӣ, нажодӣ, ҷинсӣ, забонӣ, динӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ бо эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, иштироки онҳо дар идоракунии давлат ва ҷомеа кафолат дода мешавад. Ҳамин тавр, аз рўзҳои аввали таъсисёбӣ мақсади Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун дигар аҳзоби сиёсии кишвар тариқи рақобатисолим ва осоишта ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ ба ҳисоб мерафт. Бинобар ин, фаъолияти он ба кулли соҳаҳои иҷтимоӣ вобастагӣдорад.
Аз таъсисёбии Ҳизби Халќии Демократии Тоҷикистон 30 сол сипарӣ шуд. Дар ин муддат дар Тоҷикистони соҳибистиқлол воқеаҳои муҳимми сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангие ба вуқӯъ пайвастанд, ки аксари онҳо барои тақвияти сулҳу осоиш дар кишвар, баланд гардидани эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, худогоҳии мардум, истеҳкоми появу рукнҳои асосии давлатдорӣ ва бунёди ҷомеаи демократӣ аҳаммияти фавқулода доштанд.
Заминаҳои таърихӣ ва сиёсии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пеш аз ҳама дар он зоҳир мегардад, ки бо сабаби буҳрони сиёсии солҳои80-90-уми асри ХХ ва барҳам хӯрдани яккаҳизбӣ дар ИҶШС Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон мавқеи Ҳизби роҳбарикунандаи худро аз даст дод ва барои барои пешбурди идеология, ҷомеа ва давлат дар шароити нави идоракунии давлати соҳибистиқлол ба Ҳизби нав ниёз пайдо кард. Бояд таъкид намуд, ки ҲХДТ дар шароити бисёрҳизбӣ ва рақобатҳои ҳизбҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон ташаккул ёфт.
Дар давраҳои нооромии ҳарбӣ-сиёсии солҳои 90-уми асри ХХ, ки Тоҷикистон дар алангаи ҷанги шаҳрвандӣ қарор дошт, даҳҳо фарзандони беҳтарини мамлакат дар байни мардум ғояҳои ҳизбро тарғибу ташвиқ карда, рӯзномаи ҳизбиро паҳн намуданд ва рӯз ба рӯз ҷонибдорони ҳизбро зиёд карданд. Роҳбарияти ҳизб пеш аз ҳама дарк намуданд, ки роҳи ягонаи аз буҳрон баромадан ин демократикунонии ҷомеа, ба вуҷуд овардани системаи бисёрҳизбӣ ва ҷорӣ намудани иқтисодиёти бозоргонӣ буд.
Маҳз бо иштироки фаъоли ҲХДТ чор стратегияи миллии Тоҷикистон – таъмини истиқлолияти коммуникатсионӣ, энергетикӣ ва бехатарии озуқаворӣ, саноатикунони бо сураъти кишвар пайдарпай иҷро гардида истодааст. Дар роҳи расидан ба ин ҳама дастовардҳои назаррас хизмати роҳбари ҳизб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург аст. Маҳз ҳамин, малака ва мактаби махсуси идоракунии Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ҲХДТ зери сарварии ӯ ба неруи бузурги сиёсӣ табдил ёфт. Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон санаи 7 феврали соли 2019 иброз доштанд: “Робитаи қавӣ доштан бо халқ ва ифодакунандаи ормонҳои бисёрсолаи он будан ҷавҳари асосии фаъолияти Ҳизби Халқии ДемократииТоҷикистонро ташкил дода, садоқат ба он ва дар ин роҳ соҳибиродаву бомасъулият будан асосимуваффақиятҳо ва эътимоди мардум ба он мебошад”.
Зувайдуллозода Ганҷина, мудири кафедари таҳлили иқтисодӣ ва аудити ДДБ ба номи Носири Хусрав