Омӯзиш ва сарчашмаҳои илмӣ исботи он аст, ки бе муболиға дар ҷомеаи инсонӣ масъалаи мақом ва нақши шахс дар масири таърих аз мавзуъҳои хеле ҷолиб ва мураккаб мебошад. Коршиносон бар ин ақидаанд, ки яке аз ҷанбаҳои асосии таърихи инсониятро роҳбарони кишварҳо муайян менамоянд. Албатта, аксари давраҳои таърихии рушд ва ҳатто шикасту ба мушкилоти зиёд рӯбарӯ гаштани давлатҳои қадим, асрҳои миёна ва муосир бо номи сарварон алоқаманд мебошад, ки рифоҳи мардум, раҳоии давлат аз варта, авҷи қудрати кишвар, густариши илму фарҳанг ва тиҷорат бо ному фаъолияти онҳо вобастагии зич доранд.
Чун дар масири таърих ном ва кору фаъолияти Искандари Мақдунӣ, Куруши Кабир, Карли Кабир, Хусрави Анӯшервон, Александр Невский, Наполеон Бонапарт, Теодор Рузвелт, Маргарита Тэтчер, Индра Гандӣ ва дигаронро ҳамчун сарварони боризу муваффақ ва намунаи эҳёву таҳкими қудрати халқу кишвар сабт намудааст. Аммо мусаллам аст, ки на ҳамаи роҳбарони давлат ба таърих ҳамчун Пешвои миллат ворид мешаванд. Амалан як шахсият, вақте Пешвои миллат’ эътироф мешавад, ки воқеан барои кишвараш роҳи ҳамвору устувори пешрафт дар бештарин соҳаҳоро бар пояи сиёсати солими идомадор эҷод ва онро то андозае амалӣ карда бошад. Ба ҳамагон аз таърих маълум аст, ки чаро давлати аҷдодиамон Сомониён дар таърих ҳамчун давлати бемисл ва бунёдгузори тамаддуни беназир шинохта шудааст. Зеро пешвоёни ин давлат, хосса амир Исмоили Сомонӣ заминаеро барои рушди илму фарҳанг ба вуҷуд овард, ки хам дар замони худашон шахсиятҳои бузурги ҷаҳонӣ зуҳур карданд ва ҳам дар чаҳорчӯби ин замина, яъне тайи ҳазор соли пас аз Сомониён ҳавзаи фарҳанги тоҷикӣ ба тамаддуни ҷаҳон садҳо нобиғаро бахшидааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо мақому мартабаи ҷаҳонии давлати хешро баланд бардошта, фишангҳои стратегиро дар иқтисод, сиёсат ва фарҳанг таъмин карданд, балки дар шароити хеле ҳассос, мураккаб ва тақдирсоз тавонистаанд хатари фанои давлат ва аз байн рафтани миллатро пешгирӣ намоянду пояҳои истиқлоли миллӣ, давлатдории миллиро устувору пойбарҷо гардонанд ва сарҷамъии миллатро таъмин созанд. Ҳамчунин ба ҷомеаи ҷаҳон роҳи дурустро пешниҳод карда, худ ҳамчун неруи муттаҳидгари халқ ва миллат дар атрофи идеяҳои ваҳдатофар ва ояндасоз нақши муҳиму муассир гузоранд.
Пешвои миллат тавонистаанд ҳадафи умумимиллии пешрафти ояндаро пешниҳод ва дар мамлакат амалӣ кунанд, ки таърих бо гузашти замон самараи хеле барҷастаи онҳоро исбот кард.
Албатта дар бунёди давлат ва сарҷамъ намудани миллат танҳо назария кофӣ нест, балки иродаи сиёсии Пешво баҳри татбиқи бобарори онҳо нақши муҳим мебозад, дар мисоли ҷасорату иродаи шикастнопазири муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон метавон онро тасдиқ намуд. Бо ҷасорату иродаи қатъии сиёсӣ ва тавонмандии бемисл соҳиби обрӯву эътибори байналмилалӣ шуданд. Миқёси фаъолияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маъмулан аз ҳудуди Тоҷикистон ва минтақа берун шуда, ташаббус ва фаъолияти байналхалқии ӯ ба пешрафти кишварҳои дигари ҷаҳон низ таъсири ҷиддӣ расонда, таҷрибаи намунаи нодири сулҳофарӣ, давлатсозӣ ва муттаҳидкунандаи миллат эътироф шудааст.
Фаъолияти сиёсии Пешвои миллати мо хеле зиёд мебошад, сараввал ба ҳолати сиёсии роҳбарони миллии муваффақ дар минтақа ва ҷаҳон монанд аст. Эмомалӣ Раҳмон давроне ба сиёсат ва сари қудрат омаданд, ки Тоҷикистон ба ҷанги таҳмилии дохилӣ гирифтор буд ва давлату миллатро хатари воқеии нобудӣ тахдид мекарду аз харитаи сиёсии олам Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил нест мешуд. Илова бар ин мардум ба гуруснагиву нодорӣ ва ҷангу ҷидол рӯбарӯ буд. Маъмулан дар чунин вазъи ноҷӯр рисолати асосии Пешво, пеш аз ҳама, ба созиш овардан ва муттаҳид сохтани гурӯҳҳои мухталифи ҷомеа дар асоси идеяҳои нав, арзишҳо ва идеалҳои умумимиллӣ мебошад. Дар ин баробар борҳову борҳо худ ба мушкилот рӯбарӯ гаштан, аз чизею касе ва хатарҳо натарсидан, тамоми аҳолии кишварро ба «худию бегона», чудо накардан, дурандешона ба хотири ба даст овардани сулҳу оромӣ зиндагӣ кардан ва ҷонбозию ба таври хастанопазир кор бурданҳо дар меҳвару фаъолияти зиндагии Пешвои миллат қарор гирифта буд.
Воқеан ҳам, раванди касби истиқлоли давлатии тоҷикон, пайомадҳои он дар шакли ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва хатари нобудии миллат ба саҳна нафареро овард, ки бешак, масъулияти он рӯзу ояндаи миллатро ба зимма гирифта, бо ин амал дар қатори пешвоёни бузурги таърихӣ ҷоӣ гирифт. Пешвои миллати тоҷик, фарзанди фарзона ва масъули он Эмомалӣ Раҳмон низ аз қабили пешвоёни машҳури ҷаҳон мебошад.
Ҳамарӯза дар ҳар канору гӯшаи ин давлати паҳновар хабарҳои нохуш аз норозигию бад гаштани вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, камчинии молу маҳсулоти ниёзи аввала, митингу эътирозҳо бештар шуда, нидои истиқлолу озодихоҳии давлатҳои алоҳида оҳиста – оҳиста баланд гардид.
Дар баробари соҳибстиқлол эълон шудани Тоҷикистон мақому манзалати он мебоист меафзуд, ҳамзамон тавваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин субъекти сиёсӣ зиёд мешуд, аз нигоҳи аввал чунин ҳам буд. Дар як муддати кӯтоҳ аз сентябри соли 1991 то ноябри соли 1992, яъне аз эълони истикдолияти давлатии Тоҷикистон то баргузории ичдосияи ХX1 Шурои Олӣ як қатор давлату созмонҳо бо Тоҷикистон робитаҳои худро барқарор карда, намояндагони хешро ба кишварамон равон карда, консулгарию сафоратхонаҳои худро кушоданд.
Ҳама талошҳои роҳбарони давр дар солҳои нахустини истикдол бенатиҷа буд. Ҳарчанд Раёсати Шурои Олии чумҳурии Тоҷикистон дар асоси Эъломияи истикдол ва хоҳиши меҳнаткашон бо қарори худ аз 12 ноябри соли 1991 таҳти №581 барои беҳтарин матн ва оҳанги суруди миллӣ, ки тақозои замон буд, озмун эълон кард, ҳамчунин Президиуми Шурои Олии чумҳурӣ дар бораи ташкили озмун доир ба намунаҳо барои нишону парчами миллӣ қарор қабул кард.
Дар таърихи халқ шахсиятҳо ҳамеша нақши муҳим доштанд ва муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти тавоно дар таърихи навини давлатдории миллӣ мебошад. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон сафинаи Истикдолро аз баҳри пуртуғёну пурталотум ба соҳили расонид ва дар дили халқи азияткашидаи Тоҷикистон умед афрӯхт, чеҳраҳо рахшону шукуфон шуд ва хуршед ба олам равшанӣ ато кард!
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон дар паёми соли -2015 ин зуҳуроти манфури замонро чунин баён намуда буд: “Терроризм ва экстримизм чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Зуҳуроти даҳшатноку нафратовари, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, ба дини мубини ислом ягон иртиботе надорад” Ҷангҳои дар кишварҳои Ироқ, Сурия ва Афғонистон ба амал омада ва иштироки бевоситаи баъзе шаҳрвандони ноогоҳи кишвари мо дар ин муноқишаҳо, ҳамчунин афзудани ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстримистӣ дошта дар дохил ва хориҷи кишвар аз он шаҳодат медиҳад, ки дар мамлакатҳои Осиёи Миёна дар солҳои охир таъсири ҷараёнҳои ифротии Ҳизб-ут-таҳрир, Ваҳобия, Ҷамоати Таблиғ, ба ном Давлати исломии Ироқу Шом (Дииш) ва Салафия, ки яке аз шохаҳои ташкилоти экстримистӣ-террористии(Бародарони мусалмон мебошанд, зиёд гардидааст. Мақсади ниҳоии ин ташкилотҳои иртиҷоӣ, махсусан ҷараёнҳои Салафия ва давлати исломи дар тамоми давлатҳои мусулмонтабори олам, аз ҷумла дар Осиёи Миёна созмон додани давлати исломӣ дар шакли “Хилофати”-и асримиёнагӣ мебошад.
Кӯшиши табадулоти давлатии моҳи сентябри соли 2015 бори дигар собит сохт, ки бадхоҳони миллати тоҷик ва зархаридони хориҷии онҳо то ҳанӯз аз ниятҳои таҳрибкоронаи хеш даст накашиданд ва мехоҳанд ба сари мардуми кишвари мо низоми бегонаро таҳмил намоянд. Дар ҳамин асос, хатари воқеии экстремизм ва терроризми байналмилалиро дар шароити муосири равандҳои минтақавӣ ва ҷаҳонишавӣ, ки ба амнияти ҷумхурииТоҷикистон гахдид менамоянд, ба қисматҳои зерн ҷудо намудан мумкин аст.
1. Бархӯрди манфиатҳои геоиқтисодӣ ва геосиёсии давлатҳои абарқудрати дунё ва як қатор мамлакатҳои исломии минтақа дар кишварҳои Осиё Марказӣ. Махсусан, ҳодисоти сентябрӣ бори дигар собит сохт, ки баъзе қувваҳое сиёсии давлатҳои исломии минтақа омилҳои умумияти забонӣ, фарҳангӣ ва урфу суннатҳои ягонаро сарфи назар карда, дар сиёсати хориҷии хеш омилҳои диниро дар мадди аввал мегузоранд.
2. Зиёд гардидани гурӯҳҳои гуногуни террористӣ дар Ҷумхурии исломии Афғонистон. Баъди дахолати ҳарбӣ-ҳавоии Руссия дap муноқишаҳои Сурия шумораи ин гурӯҳҳо афзуда, қисми “Толибондар бораи содиқ будан ба ҳадафҳои «Давлати исломӣ» қасам хӯрданд. Чунончи маълум аст, Тоҷикистон бо чор музофоти Афғонистон – Балх, Қундуз, Тахор ва Бадахшон сарҳади ниҳоят тулонӣ(зиёда аз 1100 км.) дошта, пайваста дар минтакаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон муноқишаҳои ҳарбӣ ба амал меоянд, ки ба амнияти кишвари мо хамри воқеӣ дорад.
3. Дастгирии ҳарбӣ, пуштибонии сиёсӣ ва маблағгузории бонкиву молиявии ташкилотҳои террористии Сурия, Ироқ ва Афғонистон аз ҷониби аксар давлатҳои манфиатхоҳ ва дар сафҳои ҷангиёни онҳо ширкат доштани баъзе ҷавонони фирефташудаи кишвари мо. Махсусан, дар Афғонистон қувваҳои НАТО бо роҳбарии ИМА дар мудати зиёда аз 14 соли будубоши хеш паи роҳандозии амалиёти ‘‘Озодии шикастнопазир” дар “баробари маълумот доштан оиди истеҳсол, коркард, интиқол ва фурӯши маводи мухаддир ягоп чораи мушаххаси пешгирикунанда наандешидаанд ва ҳатто даъво мекунанд, ки нест кардани маводи мухаддир аз вазифаҳои эътилофи зиддитеррористӣ маҳсуб намеёбанд.
4. Дар натиҷаи буҳрони молиявии ҷаҳонӣ, ки ба иқтисодиёти Федератсияи Руссия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таъсири манфӣ расонид, бо ихтисор гардидани ҷойҳои корӣ, ҷалб гаштани ҷавонон ба ҷараёнҳои ифротӣ дар хориҷи кишвар аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ, (Федератсияи Руссия, давлатҳои арабӣ, Покистон, Туркия. Афғонистон) зиёд гардида, қисме аз онҳо дурустии ғояҳои “Давлати исломӣ”-ро дар сохтани хилофат инкор намекунанд.
5. Дар сомонаҳои интернетӣ ва мавҷҳои моҳворавии телевизионӣ фаъол будани шабакаҳои Висоли ҳақ, Таҳвид, Висоли порсӣ, Корвони муҷоҳиддин ва Аҳли байт, ки пайваста бо роҳҳои гуногуни ташвиқотӣ- таблиғотӣ “мағзшӯӣ” намуда, ҷавонони аз нигоҳи сиёсӣ ташакккул наёфтаро ба тарафи хеш ҷалб месозанд
6. Дар макомотҳои масъули давлатӣ ва ҷаъмиятӣ(мактабҳо, ҷамоатҳо, марказҳои ҷавонон, масҷидҳо) нарасидани мутахассисони варзидаи идеологӣ, ки дар муқовимати пурзӯри хислати глобалӣ пайдо намудаи эктремизм ва терроризми динӣ мубориза бурда тавонанд.
Сабақи ҷанги шаҳрвандии кишварамон бори дигар ҳамаи моро тақозо менамояд, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон минбаъд зиракии сиёсиро аз даст надода, дар атрофи Пешвои миллат, capвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гарданд ва баҳри обод по шукуфоии Ватани маҳбубамон талош варзанд. Аҳком, ақида ва қимматхои ахлоқии дини мубини ислом ва мазҳаби инсонпарваронаи ҳанафӣ дар ташаккул ва рушди ҷомеаи Тоҷикистон бояд барои таҳким ва худшиносии миллӣ, тарбияи ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, ваҳдати миллӣ, хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ, ташаккули фарҳанг ва маънавиёти аҳолии кишвар хизмати арзандаро ба анҷом бирасонад. Бояд дар тафаккури мардум чунин шакли ҷаҳонбиние тарбия карда шавад, ки бархурди ақидаҳо, гуногунандешии мафкуравӣ бори дигар миллати моро ба сангарҳои мухолиф тела надода, баръакс, қадру манзалати инсон, мақоми он дар ҷомеа ҳамчун бузургтарин мавҷудоти иҷтимоии ҳастии олам қадру қиммат дошта бошад.
Саидов А. С., омӯзгори ДДБ ба номи Носири Хусрав