Санаи 4-уми ноябри соли ҷорӣ бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази маъмурии вилояти Хатлон шаҳри Бохтар роҳпаймоии идона доир гардид, ки дар қатори дигари кормандони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, аҳли Раёсат ва омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав низ бо шиору овезаҳо, парчами давлатӣ ва расмҳои роҳбари давлат фаъолона иштирок намуданд.
Ҳадаф аз баргузории роҳпаймоӣ эҳтироми Конститутсия ҳамчун саодатномаи миллат, нишонаи давлатдории миллӣ, истиқлолу озодӣ ва арзиши бебаҳои таърихӣ мебошад.
Конститутсия аз ҷумлаи муқаддасоти миллӣ ба ҳисоб рафта, ба танзими масъалаҳои ахлоқӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд сару кор дорад. Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯйдоди воқеан сарнавиштсоз ба ҳисоб рафта, он 30 сол муқаддам қабул гардидааст. Ин сана барои мардуми сарбаланди тоҷик санаи таърихӣ буда, сарнавишти имрӯзу фардои давлатамонро дар худ таҷассум менамояд.
Маҳз, бо шарофати Конститутсия ва дар заминаи амалӣ гардидани меъёрҳои он фазои орому осуда, волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ барқарор ва барои рушди бонизоми иқтисодиву иҷтимоии давлат шароити мусоид фароҳам гардид.
Омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ бо табъи болида, эҳтиром ба Конститутсия ва волоияти қонунгузориҳо, ифтихор аз ватану ватандорӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ дар роҳпаймоӣ иштироки фаъолона доштанд.