Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади олии ҳуқуқии муайянкунандаи низоми идоракунии давлатӣ ва кафолати ҳифзи ҳуқуқи озодиҳои инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бо қабули санади мазкур Тоҷикистони ҷангзадаи соли 1994 ба тамоми ҷаҳон бо овози баланд эълон намуд, ки новобаста ба вазъи нохуби сиёсии кишвар режими демократии давлатдориро пеша намуда, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро кафолат медиҳад.
Пас аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ва ташкили Комиссияи нави конститутсионӣ таҳти роҳбарии раиси Шӯрои Олии мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкони таҳияи лоиҳаи ҷадид ва фаъолияти боварибахш дар ин самт ба вуҷуд омад. Таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва соли 1994 ба муҳокимаи аҳолии кишвар пешниҳод гардид.
Қабули Конститутсияи мазкур дар чунин давраи ҳасоси таърихӣ аз ҷониби аксари мутахассисон ва коршиносони масоили сиёсӣ ва байналмилалӣ ҳамчун аввалин ҳамраъйии миллати тоҷик баҳогузорӣ карда мешавад. Тоҷикон иродаи сиёсӣ ва боварӣ ба сарвари худро асос намуда, ба ҷонибдории Конститутсияи мазкур овоз доданд.
Қисмати асосӣ ва ё муҳимтарин меъёрҳои Конститутсияи ҷадиди моро моддаи 1-и он ташкил менамояд. Дар моддаи мазкур, ки бевосита бо ҳидоятҳо ва таҳлилҳои амиқи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омода гардидааст, асосҳои сохти конститутсионии мамлакат, шакли давлатдорӣ, сохти идоракунӣ ва режими сиёсии он муайян карда шудааст. Мувофиқ ба моддаи мазкур “Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад”.
Соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама сарчашмаи худро аз Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта, далолат аз мустақилияти сиёсии Тоҷикистон дар ҳалли масоили дохилӣ ва хориҷӣ медиҳад. Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр дар асоси раъйи шаҳрвандони худ ҳуқуқ дорад, дар ҳудуди худ сиёсати муайянро пеша намуда, дар масоили байналмилалӣ низ фикру ақида ва назари худро дошта бошад. Меъёри мазкур нишонаи соҳибистиқлолӣ ва новобастагии Тоҷикистонро дар муайянсозии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ мебошад.
Режими демократӣ дар мамлакат кафолати риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Дар Конститутсияи мамлакат дарҷ намудани меъёри мазкур ба ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ҳамчун давлате мешиносонад, ки дар он ҳуқуқи инсон волотарин арзиш ба шумор меравад.
Давлати ҳуқуқбунёд эълон гардидани Тоҷикистон маҳз аз қабули Конститутсия ибтидои амалӣ гирифта, муайян менамояд, ки ҳамаи меъёрҳои зиндагии аҳолии мамлакат дар асоси қонунгузорӣ танзим гардида, риояи қонун волотарин арзиши ҳуқуқӣ мебошад. Принсипи мазкур дар мамлакат нишонаи асосии давлати демократӣ яъне волоияти қонунро таъмин менамояд.
Дар ниҳоят принсипи давлати ягона нишонаи тамомияти арзӣ ва ҷудонопазирии ҳудудии мамлакат гардид. Тавре маълум аст, дар солҳои низои байнихудии тоҷикон аллакай баъзе минтақаҳои мамлакат барои парокандагии тамомияти арзии мамлакат кӯшиш намуда, ҳатто лоиҳаи Конститутсияи худро омода сохта буданд. Аммо принсипи давлати ягона муайян намуд, ки тамоми ҳудудҳои мамлакаи таърихан ба ҳам пайваст ва макони зисту зиндагии тоҷикон буданд, аз ин боис ҳудуди Тоҷикистон ҷудонашаванда ва кӯшиши ин амал ҷиноят ва хиёнат ба давлату миллат эълон карда шудааст.
Дар маҷмуъ банди якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми идоракунии пурраи мамлакатро ба низом оварда, меъёрҳои асосии давлатдориро муайян сохт. Лозим ба қайд аст, ки дар қабули меъёрҳои мазкур ва дар лоиҳаи Конститутсияи мамлакат дар чунин фазои нооромии сиёсӣ ҷой додани он қаҳрамонии хос ва мардонагиву матонати бевоситаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷонибдории он аз ҷониби аҳолӣ ин эътимоду садоқати мардуми мамлакат ба роҳбари худ буд.Имрӯз аз қабули Конститутсияи мазкур ва эълони сохти сиёсиву идории Тоҷикистон расо 30-сол пур мешавад. Дар ин муддати аллакай Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мавқеи хоси худро пайдо намуда, ба яке аз субъектони муҳимми муносибатҳои байналмилалии минтақа ва ҷаҳон табдил ёфтааст ва бевосита Конститутсияи мазкур аз олитарин намунаҳои қонунгузории миллии тамоми мамлакатҳои ҷаҳон ба шумор меравад. Метавон гуфт, ки Конститутсияи Тоҷикистон мабдаи номусу ифтихор ва сарфарозии мардуми тоҷик буда, меъёрҳои он минбаъд низ солҳои сол барои гулгулшукуфоии давлату миллати мо хизмат менамояд.
Зувайдуллозода Ганҷина – мудири кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва аудити ДДБ ба номи Носири Хусрав