Ҳар як давлат рамзҳои муайяне дорад, ки ҳамчун шиносномаи давлату халқият эътироф шудаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол низ дорои ин гуна рамзҳо ва ё ба таъбири дигар “Муқаддасоти миллӣ” мебошад. Конститутсия яке аз муҳимтарини ин муқаддасот ба шумор рафта, ҳамчун меъёри ҳуқуқӣ тамоми фаъолияти шаҳрвандони ҷумҳуриро ба танзим медарорад ва тамоми уҳдадориҳои шахсони воқеӣ ва ташкилоту муассисаҳои дар ҷумҳурӣ фаъолияткунанда дар асоси он роҳандозӣ мегарданд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар кишвари азизи мо панҷ маротиба Конститутсия қабул шудааст (солҳои 1929, 1931, 1937, 1978 ва 6-уми ноябри соли 1994). Хусусияти фарқкунандаи Конститутсияи амалкунандаи ҷумҳурӣ дар он аст, ки он дар замони соҳибистиқлолии давлати мо қабул гардидааст.
Конститутсия яке аз арзишмандтарин қонуну қавоиди милливу давлатӣ буда, на танҳо ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, балки фаъолияти иҷтимоиву ахлоқии мардумро низ ба танзим медарорад.
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳар масъалаи марбут ба ҳаёти ҷамъиятӣ боб ва моддаи алоҳида ҷудо карда шудааст. Масалан, дар моддаи якуми боби аввали Конститутсия, ки “Асосҳои сохтори конститутсионӣ” ном гирифтааст, чунин оварда шудааст: “Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад”.
Ҳамзамон, дар моддаи 12-уми боби мазкур дар хусуси самт ва фаъолияти иқтисоди мамлакат чунин суханҳо дарҷ гардидаанд: “Асоси иқтисодиёти Тоҷикистонро шаклҳои гуногуни моликият ташкил медиҳанд.
Давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад”.
Дар ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз боби алоҳидае низ ба хотири баён доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ҷудо карда шудааст, ки мувофиқи он ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурӣ новобаста аз миллату халқият, синну сол, дину оин, вазифаи ҷамъиятӣ ва сатҳи зиндагӣ комилҳуқуқ аст ва ин ҳуқуқҳои ӯ аз ҷониби давлат муҳофизат мешаванд. Ҳамин аст, ки халқи шарифи Тоҷикистон ҳамчун аъзои баробарҳуқуқи як хонадон дар канори ин ватан умр ба сар мебаранд.
Хулоса, мо омӯзгоронро зарур аст, ки аввалан худ ба муқаддасоти давлатиамон арҷ гузорем ва сипас ин амалро дар қалби шогирдон низ ҷой диҳем, то онҳо ҳамчун фарзанди фарзона ва посдору арҷгузори ватани азизамон, Тоҷикистони соҳибистиқлолу соҳибихтиёр тарбия ва рушду камол ёбанд.
Толибов Додарбек – омӯзгори ДДБ ба номи Носири Хусрав