Қабули Конститутсияи Тоҷикистон, ки дар роҳи бунёд ва рушди давлати навини тоҷикон нақши сарнавиштсоз дорад, яке аз дастовардҳои бузурги даврони истиқлол ба ҳисоб меравад.
Таҷлили Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки шоҳсутуни асосии давлат ва давлатдории миллии тоҷикон маҳсуб меёбад, барои ҳар як шаҳрванди кишвари азизамон рӯйдоди воқеан муҳими таърихӣ ва тақдирсоз ба шумор меравад, зеро расо си сол муқаддам – 6 ноябри соли 1994 дар кишвари мо тавассути раъйпурсии умумихалқӣ нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, яъне бахтномаи халқамон қабул гардид, ки он истиқлолияти давлатии моро аз лиҳози ҳуқуқӣ, расмӣ гардонид ва чун шиносномаи миллату давлати тоҷикон онро бо номи давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона расман ба ҷаҳониён муаррифӣ кард.
Тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Нақши таърихии Конститутсия, пеш аз ҳама, дар он аст, ки аз солҳои аввали истиқлолият халқи Тоҷикистон ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ сарнавишти худро маҳз тибқи муқаррароти ҳамин ҳуҷҷати тақдирсоз муайян намуда, самтҳои тараққиёти ҳамаи соҳаҳои зиндагиашро мушаххас гардонид».
Бояд гуфт, ки қабули Конститутсия дар заминаи холӣ сурат нагирифтааст. Вақте гурӯҳи корӣ оид ба омодасозии лоиҳаи Конуститутсия бо сарварии раиси вақти Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кор шуруъ кард, тамоми паҳлуҳои таъриху фарҳанги миллати куҳанбунёд, сарнавишти давлатдории тоҷикон, анъанаву махсусиятҳои миллӣ вобаста ба талаботи замони муосир, равандҳои нави ҷомеа, тартиботи нави давлатдорӣ ва сиёсати ҷаҳонӣ ба назар гирифта шуданд. Тавре далелҳои таърихӣ шаҳодат медиҳанд, яке аз асосгузорони қабули Конститутсияи нави мамлакат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд.
Бо қабули Конститутсия мардуми сарбаланди Тоҷикистон дар айёми ниҳоят ҳассоси таърихӣ бори дигар исбот кард, ки ҳеҷ гуна душвориву мушкилот наметавонанд сокинони сулҳдӯсту созандаи кишвари моро аз роҳи ҳақиқату ростӣ, бунёди давлати муосири миллӣ ва фаъолияти бунёдкорона берун созанд. Мо дар даврони истиқлол бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд ба шарофати эҳтиром ва амалишавии меъёрҳои Конститутсия тавонистем ҷомеае бунёд намоем, ки дар он фазои озоду демократӣ ҳукмфармо ва суботи сиёсиву ваҳдати миллӣ, пешрафти бемайлон ва пойдориву бардавомии имрӯзу ояндаи давлату миллат таъмин гардидааст, ки воқеан, мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди ватандӯсти мамлакат ва дастоварди муҳимтарини даврони истиқлол арзёбӣ мегардад.
Имрӯз ҳайати профессорон, омӯзгорону кормандони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав таҳти раҳнамоӣ ва дастуру ҳидоятҳои хирадмандонаи Пешвои миллат музтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ваҳдати миллӣ, пешрафти рушди соҳаҳои мухталифи кишвар тамоми ваколатҳои бо қонун пешбинишударо татбиқ намуда, дар ташаккулу инкишофи давлати ҳуқуқбунёд саҳм мегузоранд.
Итминон дорем, ки Шумо – муҳтарам ҳайати профессорон, омӯзгорон, кормандон, донишҷўён ва ҳозирини гиромӣ ҳамчун як фидокори роҳи Истиқлолият дар таъмини пешрафту созандагӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёт, дар кафолати зиндагии осоиштаву пурнишоту бунёди ҷомеаи шаҳрвандии демократӣ ва ҳифзи сарватҳои волои миллат, пешрафту шукуфоии донишгоҳи азизамон саҳми арзанда мегузоред.
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!