Дар факултети забони англисии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба 30-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид. Дар мизи мудавар, дотсентон Олматова Шарофат, Қаршиева Гулҷаҳон, Кабиров Лутфулло, Муродов Анваршо ва дигар омӯзгорону донишҷӯён иштирок карданд. Омӯзгорон Исманқулова Мавҷуда, Сафарова Зубайда ва Муродов Анваршо дар мизи мудаввар бо маърӯзаҳо баромад намуданд. Дар охири мизи мудавар мудири кафедраи назария ва типологияи забони англисӣ, дотсент Олматова Шарофат фикру ақидаҳои худро оид ба аҳаммияти қабули Конститутсия баён намуда, ҳамагонро ба ин ҷашни сиёсӣ табрик намуд.
Дар охир саволу ҷавоб миёни ҳам сурат гирифт.