Дар факултети химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мизи мудаввар бахшида ба 30 – солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Марҳалаҳои рушди Конститутсия ва аҳмияти таърихии он” доир гардид.
Дар мизи мудаввар декани факултети химия ва биология Ятимов П.М., дотсентон Баротализода И., мудири кафедраи биологияи умумӣ, Назаров Т. ва дигар устодну донишҷӯён иштирок намуданд.
Сипас, маърӯзачиён вобаста ба санаи таърихӣ, яъне қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ҳозирин баромад намуданд.
Зикр гардид, ки қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи кишвар саҳифаи наверо боз намуд. Ин саҳифа тавонист дар мудати 30 – соли таърих мавқеи сиёсии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намояд.
Дар охир устодону донишҷӯён вобаста ба маърӯзаҳои ироа гардида андешаҳои худро баён намуданд.