Дар асоси нақша – чорабиниҳои тасдиқнамудаи Кумитаи муттаҳидаи иттифоқҳои касабаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз 1.11.2024 то 5.11.2024 бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни донишҷӯёни факултетҳои донишгоҳ мусобиқа аз намуди валейбол баргузор гардид.
Дар чорабинии варзишӣ Маҳмадкарим Шарипов, раиси иттифоқи касабаи донишгоҳ ғолибон ва иштирокчиёни чорабинии варзиширо ба муносибати Рӯзи Конститутсия табрику муборакбод намуданд. Гуфта шуд, ки мусобиқаи мазкур бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди бозии валейбол дар донишоҳ ва дарёфти истеъдодҳои нав барои дастаи мунтахаби донишгоҳ буд.
Дар ҷамъбасти бозии ниҳоӣ дастаи валейболбозони факултети педагогика ва варзиш пирӯз гардида, ғолиби ҷойи аввал ва соҳиби ҷоми мусобиқа гардиданд. Дастаи валейболбозони факултети техникӣ ва технологӣ ба гирифтани ҷойи дуюм мушарраф гардиданд ва дастаи валейболбозони факултети физика сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Мавзунов Хушвахт донишҷӯи факултети педагогика ва варзиш, Шакарбеков Зумрадхон донишҷӯи факултети техникӣ ва технологӣ ва Ятимов Ҳоҷибой донишҷӯи факултети физика беҳтарин бозингарони мусобиқа дониста шуда, бо диплом ва мукофотпулӣ ҳавасманд гардонида шуданд.
Бояд қайд намуд, ки баргузории чунин мусобиқаҳои варзишӣ имкони хубест барои арзёбии сатҳи омодагии як варзишгар ё дастаи мушаххас. Ғайр аз ин, мусобиқаи варзишӣ роҳи ҷалби ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим ва ташаккули одати машқ кардан дар онҳо мебошад.
Ғолибони ин мусобиқаи даставӣ аз намуди валейбол бо Ҷом, медал, диплом ва мукофотпулии Кумитаи муттаҳидаи иттифоқҳои касабаи донишгоҳ қадрдонӣ шуданд
и ещё 7
Все реакции:
Сангимурод Шарипов и ещё 32